Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоТоҷикистон боз чаҳор соли дигар дастнигари СММ хоҳад монд

Тоҷикистон боз чаҳор соли дигар дастнигари СММ хоҳад монд

Хонум Лучия Элми-иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон маълумот дода гуфтааст Тоҷикистон боз чаҳор соли дигар дастнигари СММ хоҳад монд.

Вай дар ҷамъомаде бахшида ба рӯи ташкилёбии СММ (соли 1948) дар ҳузури ҷамъи дипломатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва хабарнигорон гуфтааст, ки СММ дар панҷ соли охир аз тариқи 23 фонду барномаҳои махсус, ки ин ниҳод раҳбариашро бар дӯш дорад ва онҳо дар Тоҷикистон намояндагии худро боз намудаанд, 390 миллон доллар кумакҳои башардӯстонаро ба ин кишвар расонидааст.

Лучия Елми

Лучия Элми бо хушҳолӣ афзудааст, ки СММ ва мақомоти Тоҷикистон барномаи нави қолабиеро барои солҳои 2016 ва 2020 ба имзо расонидаанд ва тибқи он СММ муваззаф гаштааст, ки ба ин кишвар тӯли чаҳор соли оянда боз дар ҳаҷми 363 миллон доллар кӯмакҳои гуногуни башардӯстона расонад. Ба гуфтаи ин хонум Созмони Миллали Муттаҳид барномаеро рӯи даст дорад, ки дар он то соли 2030 дар саросари ҷаҳон решакан кардани фақр дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин ин ӣарнома беҳдошти саломативу некӯаҳволии сокинони сайёраро низ фаро хоҳад гирифт.


Ин далелҳо собит месозанд, ки Тоҷикистон дар чаҳор соли оянда низ ба кӯмакҳои башардӯстонаи СММ мӯҳтоҷ мемонад ва фақр дар байни аҳолии ин кишвари Осиёи Марказӣ чун солиёни рафта ҳукм хоҳад ронд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика