Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПарлумони Украина “вазъияти вижа” дар шарқи Украинаро тамдид кард

Парлумони Украина “вазъияти вижа” дар шарқи Украинаро тамдид кард

Парлумони Украина рӯзи панҷшанбе 12 декабр ба тарҳи раъй дод, ки ба мӯҷиби он худмухтори маҳдуди эътоӣ ба манотиқи шарқии таҳти контроли шӯришиёни ҷудоииталаб, барои як соли дигар тамдид хоҳад шуд. 

Ин тарҳ, ки бо номи “вазъияти вижа” шинохта мешавад барои нахустинбор дар соли 2014 ба тасвиб расид ва аз он ҳангом то кунун чандин бор тамдид шудааст. 

Александр Корненко, яке аз намояндагони нависандаи ин тарҳ, пеш аз раъгирии аланӣ ба намояндагон гуфт ин қонун бо ин ҳадаф тамдид мешавад, ки “фурсати муваққати изофаеро эҷод кунад, то ҳал мусоламатомези муноқиша ва барқарории вазъияти қонунӣ дар бархе навоҳии Луганск  ва Донетск имконпазир гардад.” 

Ҳудуди панҷ сол аз оғози ҷанг миёни нерӯҳои артиши Украина ва ҷудоиталабони шарқи Украина, ки мавриди ҳимояти Русия ҳастанд, мегузарад, ҷанге, ки дар ҷараёни он то кунун беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. 

Ин шӯришиён, ки аз соли 2014 минтақаи Луганск ва Донетскро дар контроли худ доранд дар ҳоли ҷанг бо давлати марказии Украина ҳастанд, ки аз пуштибонии ғарб бархурдор аст. 

Шумори талафоти ҷонии ношӣ аз даргириҳо дар пайи тавофуқи Минск дар феврали 2015 мелодӣ коҳиши чашмгир доштааст, бо ин ҳол даргириҳо дар Украина ҳамчунон идома дорад ва танҳо андаке аз шиддат ва доманаи он коста шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular