Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФарҳод Нурхонов –пулиси одамфурӯш ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Фарҳод Нурхонов –пулиси одамфурӯш ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ дар Раёсати умури дохилии Душанбе, ки бо бераҳмӣ, шиканҷа ва одамфурӯшиаш машҳур буд, ба  17 сол соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз ӯ ва се ҳамдасти дигараш дар шиканҷаро дар умум ба 42 сол мақкум кард.

Се ҳамкори дигари ӯ – Аваз Сабзаев ва Ирониддини Аҳлиддин 9-солӣ ва Умед Ваҳҳобов 7 сол ба ҳабс маҳкум шуданд. 

Ин аз каматрин ҳодисаи боздошт ва ҳукми милисаҳои бедодгар дар кишвар аст. Дар аксари ин гуна ҳолатҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъди содир кардани ҷиноят на танҳо боздошт намешаванд, балки ба вазифаи баландтаре роҳ меёбанд. 

Додситонии кулл барои Фарҳод Нурхонов 23 сол ва барои Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин 15-солӣ, зиндон талаб карда буд. Муҳокимаи ин чаҳор милисаи шиканҷагар моҳи чаҳорум аст, идома дошт. Онҳо баъди шикояти Ҳамза Солеҳов, як сокини Душанбе боздошт шуданд ва ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам мешаванд. Худи онҳо ин иттиҳомро рад мекунанд. 

Ба ҷуз аз шиканҷа ба ин 4  маъмури милиса айбҳое чун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва гирифтани пора низ эълон шудааст. 

Ҳамза Солеҳов ва 17 сокини дигари Душанбе шикоят карда буданд, ки Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин онҳоро шиканҷа кардаанд.

Тибқи иттилоъи як ҳамкори собиқи Фарҳод Нурхонов, ин афсари милиса дар бераҳмӣ ва ришвахорӣ камназир будааст. Ӯ мегӯяд Нурхонов ба ҳаде аз беҷазогияш мутмаъин буд, ки дилхоҳ нафари бегуноҳро боздошт мекард ва дар ҳамон утоқи кориаш бо наздикони боздоштшуда “савдо” менамуд. 

Нурхонов ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳоро ба ҳамкорони дигараш ва ё ниҳодҳои дигар мисли КДАМ ва додситонӣ “мефурӯхт”. Манбаъ қисса кард, ки Нурхонов ба кормадони КДАМ ва додситонӣ мегуфт, ки як муштарии серпул дорад, ки метавонад ба гуноҳаш иқрор кунонад ва ба дасти онҳо супорад. Ва барои ин кораш аз онҳо баъди анҷоми парванда маблағи муайян меситонд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular