Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” садамаи қубурҳои обро натавонист бартараф кунад ва қисмати ғарбии шаҳри Душанбе боз бе об монд
Илова бар ин кай сар додани об ба манзилҳояи мардум то ҳол маълум нест.
Ҳамаи қувваи корӣ ва техникаи Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба бартараф кардани садама дар шабакаи обтаъминкунии Душанбе сафарбар шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар додааст, “Мушкили марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бар асари садамаи субҳи 16-уми декабр рухдода дар яке аз шабакаи шоҳқубурҳо дар буриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва Карамов ба амал омадааст.
Дар шаҳрдорӣ қайд карданд, ки оқибатҳои ин садама соати 6-и субҳи 17 декабр аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” бартараф гардид, аммо вақте обро ба шабака сар доданд, боз дар ҷойи садама мушкилоти нав пайдо шуданд.
Айни замон интиқоли оби нӯшокӣ ба хонаҳои истиқоматии қисмати ғарбии пойтахт боз қатъ шудааст.
Дар ҳукумати шаҳри Душанбе ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар фурсати наздиктарин таъминоти шаҳр бо об пурра барқарор мешавад. Як манбаъ аз Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба Паём гуфт, ки таъмири қубурҳо ба анҷом расидааст ва корҳои профилактикӣ рафта истодааст. Сокинон то нимаи аввали сешанбе ба об таъмин хоҳанд шуд.
Аммо дар шаҳрдорӣ дақиқан гуфта натавонистаанд, ки кай таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барқарор мешавад.
Суол дар бораи ташкили мошинҳои обкаш барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ низ бепосух мондааст.
Қаблан зикр гардида буд, ки комиссияи махсус кори худро барои таҳқиқи сабабҳои рух додани садама дар шабакаи обтаъминкунӣ оғоз кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

