Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧин вуруди Месут Озил ба ин кишварро мамнӯъ кард

Чин вуруди Месут Озил ба ин кишварро мамнӯъ кард

Месут Озил бозингари дастаи “Арсенал” — и Англия пас аз оне ки дар бораи таъқиби мусалмонони уйғур аз тарафи мақомотҳои Чин изҳори нигаронӣ намуд, ба таҳрими ҳукуматдорони ин кишвар гирифтор шуд ва ҳукумати Чин вуруди футболбозро ба қаламрави худ мамнӯъ эълом кард.

Бояд гуфт, ки чандрӯз қабл бозингари олмонӣ Озил дар сафҳаи Твиттерии худ чунин навишта буд: «Дар манотиқи Туркистони Шарқӣ сӯзонидани китоби Қуръон, баста шудани масҷидҳо, кушта шудани олимони мазҳабӣ ва зери таъқиб қарор гирифтани мусалмонон ба як низоми маъмулӣ дар Чин гардидааст.Дар ин бора ҳарчанд давлатҳои мусалмонӣ иттило дошта бошанд ҳам, аммо ҳамаашон хомӯширо ихтиёр карда дар бораи тақдири бародарони мусалмони худ бетарафанд”.

Пас аз ин гуфтаҳо Чин вуруди Озилро ба ҳудуди худ қатъиян манъ карда, истеҳсоли либосҳои клуби Арсенал бо навиштаҷоти “Озил” — ро дар ҳудуди худ, бахусус либосҳои зери рақами 10 Месут Озилро боздошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular