Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМушкили камбуди доллар дар Тоҷикистон

Мушкили камбуди доллар дар Тоҷикистон

Камбуди доллар дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосии тоҷирони кишвар боқӣ мемонад.

Хабарнигорони хабаргузории Авесто ба хотири санҷиш барои хариди доллар ба 8 Бонки тиҷорӣ ва муасисоти молӣ ва эътибории шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, ки дар тамомии ин марказҳо барои фуруш доллар надоштанд.

Ин дар ҳоле аст, ки соҳибкорон дар Тоҷикистон аз камбуди доллар дар Бонкҳои тиҷорӣ ва марказҳои қарзии кишвар гила доранд, камбуди доллар боиси эҷоди сафҳои тулонӣ дар Бонкҳои тиҷорӣ шуда ва ин Бонкҳо фақат то 200 доллар ба онҳо пардохт мекунанд, ки ин амр боиси бурузи мушкилоте барои воридкунандагони маҳсулот ва донишҷуёни муҳасил дар хориҷ шудааст.

Аммо мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон, иллати умдаи камбуди доллар дар ин кишварро тавозуни манфии содирот нисбат ба воридот эълом мекунанд.

Ҳамакнун гузориши ин ниҳоди молӣ аз оғози имсол то кунун Тоҷикистон 1 миллиарду72 миллион доллар содирот ва 2 миллиарду 997 миллиону 800 ҳазор доллар воридот доштааст.

Ҳамакнун нархи ҳар доллар дар Бонкҳои тиҷорӣ ва муасисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон 9 сомониву 70 дирам эълом шуда, ки дар муомилоти озод ин шохис аз 10 сомонӣ бештар аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular