Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАрзиши патенти муҳоҷирон дар Маскав боло рафт

Арзиши патенти муҳоҷирон дар Маскав боло рафт

Арзиши патенти меҳнатӣ барои муҳоҷирони корӣ дар Русия  ҳар сол иваз мешавад ва нархи ниҳоии онро мақомоти субъектҳои ин кишвар муайян мекунанд

Арзиши патент ё иҷозати кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ соли 2020 дар Маскав боло бурда шуда, 5350 рублро ташкил хоҳад дод.

Вакилони парлумони вилояти Маскав қонунеро қабул намуданд, ки тибқи он арзиши “патент” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин вилоят ба 350 рубл гаронтар хоҳад шуд.

Бояд қайд, ки дар соли 2019 арзиши патент дар ин минтақа 4750 рублро ташкил медод, аммо дар соли 2018 арзиши патент 4500 рубли русӣ буд.

Қаблан мақомоти шаҳри Санкт-петербург низ эълон карда буд, ки арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 боло бурда мешавад.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ахиран шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки бояд ба муҳоҷирони меҳнатӣ бештар патент дода шавад. Ба гуфтаи вай , музди муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба шаҳрвандони Русия набояд арзонтар бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular