Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори қурбониёни сукути ҳавопаймоии мусофирбарӣ дар Қазоқистон ба 15 тан афзоиш ёфт

Шумори қурбониёни сукути ҳавопаймоии мусофирбарӣ дар Қазоқистон ба 15 тан афзоиш ёфт

Кумитаи вазъияти изтирории Қазоқистон аз афзоиши шумори қурбониёни сукути ҳавопаймоии мусофирбарӣ дар наздикии шаҳри Алмаато, ба 15 тан хабар дод. 

Кумитаи вазъияти изтирории Ќазоқистон бо судури иттилоияе эълом кард: Шумори қурбониёни сукути ҳавопаймоии мусофирбари хутути ҳавоии “Bek Air” бо ҳадди ақал 100 сарнишин дар наздикии шаҳри Алмаато ба 15 тан ва шумори захмиҳо низ ба 66 тан расид. 

Устондории Алмаато эълом карда, ки ин ҳавопаймо ҳомили 94 мусофир аз ҷамъан 8 кӯдак ва 5 хадамаи парвоз будааст. 

Ин ҳавопаймо, ки аз Алмаато озими Нурсултон, пойтахти Қазоқистон буд, дақоиқе баъд аз бархостан аз замин ба минтақаи маскунӣ сукут кардааст. 

Тимҳои пизишкӣ шумори ҷонбохтагонро 15 нафар эълом карда ва раиси идораи беҳдошти Алмаато низ аз захмӣ шудани 66 тани дигар хабар додааст. 

Ҳамзамон вазорати тавсеаи саноеъ ва зерсохтҳои Қазоқистон аз таваққуфи фаъолиятҳои ширкати “Bek Air” то мушаххас шудани иллати ин ҳодиса хабар додааст. 

Кумитаи ҳавонавардии Қазоқистон низ эълом кардааст, ки парвози ҳавопаймоҳои типи “Фоккер 100” то мушаххас шудани иллати ин рӯйдод, мутаваққиф мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular