Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия ва Украина ба табодули зиндониён шурӯъ карданд

Русия ва Украина ба табодули зиндониён шурӯъ карданд

Мақомоти Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи ин кишвар рӯзи 29-уми декабр ба табодули боздоштшудаҳо ва зиндониён оғоз карданд. Дар ин бора дафтари раёсати ҷумҳури Украина хабар дод. Даря Морозова, ба истилоҳ омбудсмени ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия низ ба расонаҳои Маскав гуфтааст, “табодул шуруъ шуд”.

Интизор меравад, ҷониби Украина 87 нафар ва ҷудоиталабон 55 танро озод кунанд. Аммо як рӯз пеш Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, феҳрасти афроде, ки бояд табодул шаванд, ниҳоӣ нашудааст.

Аҳтам Чийғоз, қонунгузор ва узви ҳизби президенти пешини Украина Петро Порошенко, рӯзи 29-уми декабр ба хабарнигорон дар Украина гуфт, “дар инҷо табодули зиндониёнро намебинам. Ман таслим шуданро мебинам” ва илова кард, “ман дар инҷо истодаам, то бо ҳузури худ бигӯям, ки бо чунин тарзи табодули зиндониён шадидан мухолиф ҳастам.”

Рӯзи 9-уми декабр дар ҷараёни гуфтугӯи сулҳ дар Париж байни Украина, Русия ва Фаронсаву Олмон назарҳо дар бахши табодули зиндониён тақвият ёфт. Ҳадафи ин гуфтугӯҳо поён додан ба низои панҷсола дар шарқи Украина аст.

Зеленский рӯзи шанбе дар суҳбат бо хабарнигорон табодули зиндониёнро мушкилтарин маъмурияташ дар соли ҷорӣ донист.

Ин дувумин табодули боздоштшудаҳо ва зиндониён дар чаҳор моҳи охир байни Украина, Русия ва ҷудоиталабон аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular