Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет130 мактабро дар Тоҷикистон кӣ сохт?

130 мактабро дар Тоҷикистон кӣ сохт?

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 130 мактаб ба арзиши 500 миллион сомонӣ муодили 5 миллион доллар сохта шуд.

Бино ба иттилои вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон, дар ин мактабҳо 32 ҳазор хонанда парваришу омӯзиш мешаванд. Дар омор гуфта шудааст, ки 32-тои мактабҳо, ки ба арзиши 122 миллион сомонӣ сохта шудаанд, аз сӯи соҳибкорон таъмини молӣ гардиданд ва дар онҳо 10 ҳазор нафар омӯзишу парвариш меёбанд.

Аммо бино ба таҳлилҳо ҳукумати Тоҷикистон тавон ё иродаи як мактабро аз ҳисоби буҷа сохта ба истифода доданро надошт.

90 дар сади мактабҳои сохта ба истифода додашуда, ё аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ё аз ҳисоби кумакҳои башардустонаву дастгириҳои институтҳои иқтисодии байналмилалӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular