Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд

Бинобар фаромадани тарма дар километрҳои 55, 62 ва 73-и шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд, ин роҳ муваққатан баста шудааст. Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба ширкати IRS хабар медиҳад.

“Дар километрҳои 55, 62 ва 73-и шоҳроҳи Душанбе-Чанок тармаҳои бузург фаромаданд. Дар қисмҳои дигари ин роҳ низ хатари фаромадани тармаҳои дигар вуҷуд дорад. Бо қарори якҷояи Раёсати БДА-и ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати нақлиёт ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар ин роҳ муваққатан қатъ шудааст. Корҳои тозакунии роҳ аз тарма идом доранд” – гуфтааст сухангӯи IRS Далер Мерганов. 

Тибқи гуфтаи ӯ, кормандони IRS имрӯз, 2 январ чанд мусофиреро, ки зери тарма монда буданд, наҷот додаанд.

“Субҳи имрӯз кормандони ширкат мусофирон ва ронандаи мошинеро, ки дар километри 55-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ зери тарма монда буданд, наҷот доданд. Ин аввалин тарма дар соли ҷорӣ буда, барои ин вақти сол ғайриинтизор аст” – иттилоъ додааст Мерганов. 

Замони азсаргирии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ ҳанӯз номаълум аст.

КҲФ ҳанӯз 31 декабр аз имкони фаромадани тарма дар ағбаҳои Тоҷикистон ҳушдор дода буд. Кумита аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст аз сафар дар роҳое, ки имкони фаромадани тарма вуҷуд дорад, худдорӣ кунанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular