Оворагони урдугоҳи Сармадо дар Идлиби Сурия, ки бар асари бориши шадид дар вазъияти бисёр вахиме ба сар мебаранд, хостори кумакҳои башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд.
Оворагони урдугоҳи шаҳристони Сармадо дар устони Идлиби Сурия, ки бар асари бориши шадиди борон ва гилу лои ношӣ аз он дар шароити душворе зиндагӣ мекунанд, хостори кумакҳои башардӯстона ва фаврии ниҳодҳои байналмилалӣ ҳастанд.
Холида Ҷосим зани 70 солаи сурӣ дар ин замина гуфт: “Аз тарси ҳамалоти режими Асад ва Русия ҳамроҳ бо шавҳари маризам ба инҷо омадем. Шароити бисёр баде дорем. Бухорӣ ва сӯхт надорем. Шавҳарам мариз шудааст”.
Ум Маҳмуд, яке дигар аз онҳо низ тасреҳ кард: “Пас аз ҳамлаи режими Асад ва Руссия ба шаҳристони Сароқиб, роҳии ин урдугоҳ шудем. Зиндагиро бисёр душвор сохта ва бо бомби бушкаӣ хонаи моро вайрон карданд”.
Идлиб қалъаи аслии мухолифони режими Асад аз соли 2015 то кунун аст. Ҷамъияти аҳолӣ ва оворагони мавҷуд дар Идлиб аз 4 миллион нафар фаротар рафта ва ба ҳамин далел мавриди ҳамалоти шадид ва пайвастаи режими Асад ва Руссия қарор мегирад.
Туркия, Русия ва Эрон тайи нишасте дар майи 2017 дар остонаи Идлиб ва Ҳавма онро, минтақаи коҳиши таниш эълом карданд. Режими Асад бо нақзи оташбас контроли манотиқи Санҷор, Абудолӣ, Расм-ул-ъабд, Ҳиҷоз, Ум Раҷим, Рамала, фурӯдгоҳи Алзуҳур ва Алсарияро ба даст гирифтааст.
Ҳамалоти режими Асад алорағми тавофуқи Сочи дар 17 сентябри соли 2018 ҳамчунон идома дорад. Бар асари ҳамалоте, ки умдатан тавассути ҷангандҳои русӣ сурат гирифта, ҳудуди як миллион нафар аз мардуми Идлиб ба манотиқи нисбатан амн аз ҷумла дар марзи Сурия бо Туркия паноҳ овардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

