Cафири Тоҷикистон дар Эрон ба устони Систон ва Балучистони ин кишвар сафар кард ва бо муовини сиёсӣ – иҷтимоии устондори Систон ва Балучистон дидор анҷом дод.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Алӣ Зейниванд муовини сиёсӣ ва иҷтимоии мири вилояти Систон ва Балучистони Эрон мулоқот кард.
Зоҳидӣ зимни дидор баён дошт, ки Тоҷикистон алоқаманд ба густариши равобити иқтисодӣ бо Эрон ва расондани он ба марзи як миллиард доллар аст.
Ӯ гуфт: “Зарфиятҳои бандари Чобаҳори Систон ва Балучистони Эрон метавонад дар густариши ин равобит бисёр муассир бошад”.
Сафири Тоҷикистон бо ишора ба иштирокҳои фарҳангӣ ва забонии ду кишвар, афзуд: “Мо интизор дорем мардуми Эрон ҳамонтавр, ки ба Туркия ва Арманистон сафар мекунанд ба кишвари моҳам, ки маҳалҳои дидании зиёде дорад сафар кунанд”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

