Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмсол вакилони парлумон паёми раисҷумҳурро шарҳ намедиҳанд

Имсол вакилони парлумон паёми раисҷумҳурро шарҳ намедиҳанд

Вакилони Маҷлиси намояндагон имсол ба навоҳӣ барои шарҳи паёми раисҷумҳур ба “интихобкунандагонашон” нахоҳанд рафт. 

Қаблан ин анъана дар Тоҷикистон роиҷ буд, ки баъди чанд ҳафтаи паёми раисҷумҳур, вакилони Маҷлиси намояндагон ба навоҳии кишвар рафта, ба мардум онро шарҳу тафсир мекарданд. 

Аммо имсол мардум аз шарҳу тафсири паём бебаҳра хоҳад монд. Ваколати вакилон ба зудӣ ба итмом мерасад ва бештари онҳо бинои парлумонро барои ҳамеша тарк мекунанд. 

Коршиносон паёми имсолаи раисҷумҳурро як мазҳакаи арзон қаламдод мекунанд. Паёми Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли гузашта ироа шуд, мавҷи истеҳзову тамасхурро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. 

Дар ҳамин ҳол, тибқи ҳисоби Паём, вакилон дар 177 дақиқае, ки раисҷумҳур паёмашро қироат кард, 107 маротиба барояш кафкӯбӣ карданд.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular