Saturday, April 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХориҷиҳо Ироқро тарк мекунанд

Хориҷиҳо Ироқро тарк мекунанд

Кормандони ширкатҳои нафтии хориҷӣ пас аз кушта шудани Сулаймонӣ Ироқро тарк мекунанд. 

Хабаргузории Анатолии Туркия бо истинод ба манбаъаш дар як ширкати нафтии Басра дар ҷануби Ироқ, хабар медиҳад, ки ӯ гуфта: Пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод, даҳҳо нафар аз кормандони хориҷӣ дар ширкатҳои нафтӣ аз тариқи фурӯдгоҳи Басра ин кишварро тарк карданд. 

Вай афзуд: тарки кормандони хориҷӣ ба тавлиди нафт таъсире нахоҳад дошт. 

Дар ҳамин ҳол, сафорати Амрико ҳам аз шаҳрвандони ин кишвар хост ба думболи афзоиши таниш дар минтақа ҳарчи зудтар Ироқро тарк кунанд. 

Дар ин баёния омадааст: Шаҳрвандони Амрико дар сурати имкон аз тариқи ҳавоӣ ё аз тариқи кишварҳои дигар ва роҳи заминӣ Ироқро тарк кунанд. 

Ин сафоратхона ҳамчунин бо ёдоварии таваққуфи хидматрасонӣ дар сафорати Амрико дар Бағдод ба думболи ишғоли он тавассути бархе нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон аз онон хост ба сохтмони ин сафоратхона наздик нашаванд. 

Дар идомаи баёнияи мазкур тасреҳ шуд, ки умури шаҳрвандони амрикоӣ дар консулгарии ин кишвар дар Арбил анҷом дода мешавад. Ҳамчунин аз он даста шаҳрвандони амрикоӣ, ки нигарони вазъияти наздикони худ ҳастанд хоста шуд бо вазорати умури хориҷаи ин кишвар тамос барқарор кунанд. 

Гуфтанист бомдоди ҷумъа 3 январ 2020 чанд болгарди амрикоӣ ба ҳамроҳи паҳпод дар наздикии фурудгоҳи байналмилилии Бағдод, пойтахти Ироқ, 2 худрави гурӯҳи Ҳашд-уш-шаъбиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷаи он афзӯн бар Қосим Сулаймонӣ, Абу Маҳдӣ Муҳандис ва чандин тан аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуданд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular