Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДар сарҳади Украинаву Лаҳистон «буз»пайдо шудааст!?

Дар сарҳади Украинаву Лаҳистон «буз»пайдо шудааст!?

Тибқи иттилои гурезагони тоҷик, ки дар сарҳади Украинаву Лаҳистон қарор доранд, чанд рӯз аст, ки як корманди КДАМТ дар онҷо гаштугузор дорад. 

Ду-се рӯзи аввал ӯ кӯшиш кардааст аз худи тоҷикон ва ҳатто кӯдакони онҳо маълумот гирад, вале муяссар нашудааст. Субҳи имрӯз ин корманди КДАМТ бо як нозири минтақавии пулис ва ду корманди Хадамоти муҳоҷирати Украина ба макони будубоши тоҷикон омада, баъзеи онҳоро рӯйхат кардааст.

Ӯ дар суҳбат бо ду нафар аз ин тоҷикон гуфтааст, ки мо бояд шуморо ба Тоҷикистон баргардонем. Ӯ ду нафар занро таҳдид кардааст, ки агар шумо ин бо ин муҳрҳо дар паспортатон ба Тоҷикистон ворид шавед шуморо зиндони хоҳанд кард. Беҳтараш биёед бо мо баргардед ва ба Душанбе равед.

Аммо дар  меҳмонхонаи дигар ҳангоме, ки нозири минтақавӣ шиносномаҳои муҳоҷиринро талаб кардаасту он корманди КДАМТ ба рӯйхаткунӣ оғоз кардааст, як зани тоҷик ӯро шинохта ба нозири минтақавӣ ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати Украина эътироз кардааст, ки чаро онҳо ба амниятиҳои Тоҷикистон, ки мардум аз дасташон фирор кардааст, кӯмак мекунанд.

Вақте тоҷикони ҷамъшуда ному насаби он корманди КДАМ-ро пурсида, хостаанд аз ӯ аксбардорӣ кунанд, амниятии тоҷик аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ӯ дар ибтидо худашро раиси ҷамъияти тоҷикон муаррифӣ кардааст. Аммо баъдан худро корманди кумитаи муҳоҷират гуфта, хостааст тоҷикони дар марз бударо сабти ном намояд. 

Ин дар ҳолест, ки рӯзона тоҷикони зиёде барои паноҳандагӣ ба кишварҳои дигар муҳоҷират менамоянд. Режими Раҳмон мехоҳад Тоҷикистонро барои мардумаш ба як зиндон табдил намояд. Бо ин кор мехоҳанд пеши роҳи муҳоҷирати тоҷиконро ба Аврупо бигиранд, то садои эътирози онҳо ба гуши касе нарасад.

Ба хусус пас аз онки дар Варшава фаъолони сиёсии тоҷик бо роҳандозии барномаҳои мухталиф парда аз руи ҷиноятҳои режим бардоштанд, ҳукумат мехоҳад пеши роҳи муҳоҷирати тоҷикон баста шавад.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика