Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОхирин ахбори муртабит ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ (навор)

Охирин ахбори муртабит ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ (навор)

Намояндаҳои НАТО се рӯз пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ имрӯз душанбе дар Брюссел пойтахти Белгия, гарди ҳам меоянд то афзоиши танишҳо миёни Эрон ва Амрикоро баррасӣ кунанд. 

Урдуғон: Ба Трамп гуфта будам, ки аз афзоиши танишҳо бо Эрон худдорӣ кунад 

Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN-и турк бо баёни ин ки “мо барои коҳиши таниш миёни Амрико ва Эрон талошҳои фаровоне кардаем,” гуфт, ки пас аз ҳамла ба сафорати Амрико дар Ироқ, ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, пешниҳод дода буд, ки аз афзоиши таниш бо Эрон худдорӣ кунад. 

Ба гузориши хабаргузории Анотулӣ, Урдуғон гуфт Туркия “пайгири хатароте аст”, ки бо кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар минтақа эҷод шудааст. Ў гуфт: “Кушта шудани фармондеҳи аршади як давлат ва кишвар бепосух намемонад.” 

Ӯ бо баёни ин ки чаҳор-панҷ соат пеш аз ҳамлаи паҳподӣ ба худрави ҳомили Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ, бо Трамп гуфтугӯи телефонӣ доштааст, гуфт, ки ин ҳамла ӯро “шока” кард. 

Ҷаласаи изтирории НАТО дар робита бо танишҳои Амрико ва Эрон 

Намояндаҳои НАТО се рӯз пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини сипоҳи қудси Эрон, имрӯз душанбе 6 январ дар Брюссел пойтахти Белгия, гирди ҳам меоянд то афзоиши танишҳо миёни Эрон ва Амрикоро баррасӣ кунанд. Ҳамоҳангӣ барои баргузори ин ҷаласа рӯз шанбе анҷом гирифта, пас аз онки НАТО тасмим гирифт маъмурияти омӯзишии худ дар Ироқро ба иллати афзоиши таҳдидҳо пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ муаллақ кунад. 

Покистон дар танишҳои Амрико ва Эрон “бетараф” мемонад 

Сухангӯи артиши Покистон эълом кард, ки ин кишвар дар танишҳои рӯзафзун миёни Амрико ва Эрон “бетараф мемонад”. Генерал Осиф Ғафур рӯзи якшанбе 5 январ бо эъломи ин мавзӯъ гуфт, ки Покистон дар ҳеҷ фаъолияте, ки суботи минтақаро муҳтал кунад “мушорикат нахоҳад кард.” 

Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа бо Қамар Ҷовид Боҷуо, фармондеҳи артиши Покистон, гуфтугӯи телефонӣ дошт. Бино бар гузоришҳо, Боҷуо дар ин тамос бар “хештандории ҳаддиаксарӣ” барои рафъи танишҳо таъкид карда буд. 

Осиф Ғафур гумоназаниҳо дар бораи эҳтимоли тарафдории Покистон аз Амрико алайҳи Эронро, ки пас аз муколимаи телефонии рӯзи ҷумъа матраҳ шуда буд, рад кард. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular