Saturday, April 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги беш аз ним млрд ҷонвар дар Австралия

Марги беш аз ним млрд ҷонвар дар Австралия

Дар Австралия дар натиҷаи сӯхтори пай дар пай, ки таи 2 моҳи охир идома дорад, ҳудуди ним миллиард ҳайвон, аз ҷумла, 8 ҳазор коала  нобуд шудааст.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттило медиҳад,  дар натиҷаи сӯхтор 5,5 миллион гектар ҷангал ва ҳудуди 1500 хонаҳои истиқоматӣ сӯхта хокистар гардидаанд. Ин сӯхтори бесобиқа ҷони 24 нафарро гирифтааст.

Дар баъзе ҷойҳо сӯхтор чунон шадид аст, ки дуди ғафсаш ба парвоз ва амалиёти оташнишонии ҳавопаймои оташхомӯшкунӣ монеа эҷод мекунад.

Мақомот киштиҳои баҳрӣ ва ҳавопаймоҳоро ба минтақаҳои зарардида мефиристад. Ҳукумати Австралия тамоми чораҳои заруриро барои бартараф кардани оташ дида истодааст. Президенти Франсия Эммануэл Макрон барои мубориза бар зидди сӯхтор ба Австралия кӯмаки худро пешниҳод намуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular