Saturday, April 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет2 кушта ва 7 захмӣ дар бархӯрди мусофирбар бо боркаш

2 кушта ва 7 захмӣ дар бархӯрди мусофирбар бо боркаш

Дар роҳи мошингарди вилояти Тюмен автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба автомашинаи боркаш бархӯрд. 

Бархӯрди мусофирбар бо мошини боркаши Isuzu дирӯз дар километри 266-уми роҳи автомобилгарди федералии Тюмен-Ханти-Мансийск дар ноҳияи Тоболи вилояти Тюмен рух додааст.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи хадамоти таъҷилии минтақа ба РИА Новости хабар додааст, ки ҳамаи мусофирони автобуси ба садама дучоршуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба маълумоти расонаишуда, дар автобус ҳамагӣ 45 нафар, аз ҷумла, 5 кӯдак сафар доштаанд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”

Шумори фавтидагони садамаи бархӯрди автобус бо мошини боркаш 2 ва маҷрӯҳон 7 нафар гуфта шудаааст. 

Дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба хабаргузории Спутник гуфтаанд, дар ин садама 5 шаҳрванди Тоҷикистон буданд, ки аз миёни онҳо 3 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Ховар бо истинод ба «РИА Новости» навишт, “ҳамаи мусофирони автобусе, ки дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Тоболски вилояти Тюмен ба садама дучор гардид, шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular