Гулӣ Зардова, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи чандин китоби хонданӣ рӯзи гузашта, 27 уми октябри соли равон дар саҳифаи фейсбукии худ аз амали ношоями як корманди амнияти миллӣ навишт, ки дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занони Тоҷикистон моҷарое барпо карда ва рӯзноманигор бевосита шоҳиди ин воқеа будааст.
Хонум Зардова зимни як сӯҳбат ба сомонаи “Озодагон” гуфтааст, ки боиси ин моҷаро “Рейд барои сатр” будааст. Яъне кормандони Кумитаи занон бо амниятиҳо ба бозорҳо мерафтаанд ва аз фурӯшандагони бозор мепурсидаанд, ки сатри исломӣ мефурӯшанд ё не. Агар савдогареро ошкор намоянд, ки бо тиҷорати сатр машғул аст, ба кормандони амният нишон медодаанд ва онҳо тоҷирро боздошт месохтаанд. Айнан дар ҳамин рӯз, ки моҷаро иттифоқ афтодааст, кормандони Кумитаи занони Тоҷикистон ба рейд набаромадаанд.
Ин аст, ки ба навиштаи Гулӣ Зардова корманди кумитаи амнияти миллӣ ба ғазаб омадааст ва ба идораи ин ниҳод омада, боиси дилхирагиҳо шудааст ва гуфтааст, ки «корманди амният ва бачаи генерал Саидов» мебошад. Ҳатто ин “бачаи генерал” чунон оташин будааст, ки ба насиҳатҳои журналист низ эътиборе надода ба таҳдид сӯи ӯ гуфтааст: “Ту медони ма киюм!? Ма бачаи генерал Саидов ҳастум! Пота ба пои ма дароз накун…!»
Журналисти тоҷик аз ин муомилаи бади корманди амнияти миллӣ дар ҳайрат монда, менависад, ки чунин ҷавонони беодоб чи тавр ба ин ниҳоди қудратӣ роҳ меёбанд ва бо амали норавои худ давлату ҳукуматро дар байни мардум шармсор месозанд. Тибқи маълумоти расида, ин ҷавон воқеан корманди мақомоти амнияти ноҳияи Шоҳмансур буда аст, аммо дар воқеъ “бачаи генерал Саидов” аст, ё не ҳанӯз норӯшан мебошад.
КДАМ низ дар робита ба ин моҷаро хомӯширо ихтиёр сохта, вокунише нишон надодааст. Аҷоиботи кор дар он аст, ки КДАМ дар ин авохир барои мубориза бо дини барҳақ Ислом аз ҳар роҳу восита кор мегирад. Барои сатри исломии мусалмонон чунон ҷанги беамонеро роҳ андохтааст, ки ҳатто ашхоси алоҳидаеро ба рейдҳо ҷалб намудаву тоҷирони сатри исломиро ошкору боздошт ва муҷозот менамоянд