Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМагар ин фоҷеъа нест?

Магар ин фоҷеъа нест?

Шумо тасаввур мекунед, ки як ширкати амрикоӣ 3 триллион доллар қарздор шавад? Ё дар як сол 1 триллион доллар зарар оварад? Не? Ман ҳам тасаввур намекунам. Аммо биёед ба ду ширкати бузурги тоҷик нигоҳ кунем:

Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” дар ним соли гузашта як миллиарду 90 миллион сомонӣ зарар дидааст, ки бузургтарин зарари корхонаҳои бузурги Тоҷикистон таъриф шудааст.

Ширкати истеҳсоли алюминийи ТАлКо низ ним соли гузаштаро бо зарари бузург, вале беш аз 5 баробар камтар аз “Барқи Тоҷик” ҷамъбаст кардааст. Ин ду ширкатро на танҳо зарар ба иҷтисоду буҷаи кишвар бо ҳам ҷамъ кардааст. ТАлКо ягона ширкати истеҳсолиест, ки барқро бо нархи ҳатто аз аҳолӣ арзонтар дастрас мекунад. Яъне дар сурати бо қимати умумӣ харидани барқ шояд қарзи ТАлКо ба маротиб бештару аз “Барқи тоҷик” камтар мешуд. Вале ҳаҷми умумии зарари овардаи ин ду ширкати бузург ба хазинаи давлат, аниқтараш андозсупорандагон шояд фарқ намекард.  

“Фаъолият”-ин ду ширкат боис шудааст нишондиҳандаи умумии корхонаҳои бузурги давлатии кишвар ҳам бо рамзи манфӣ анҷом ёбад. Дар умум шашмоҳаи аввалро корхонаҳои бузурги давлатӣ бо як миллиарду 143 миллион сомонӣ зарар ҷамъбаст кардаанд, ки нишондиҳандаи дигар корхонаҳои бузург ҳам дилсардкунанда аст. Яъне агар ТАлКо ва “Барқи тоҷик”-ро ба ҳисоб нагирем, нишондиҳандаи умумии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, “Тоҷикаэронавигатсия”, “Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе”,  “Фурӯдгоҳи байналмиллалии Хуҷанд”,  “Фурӯдгоҳи байналмиллалии Кӯлоб”, “Фурӯдгоҳи байналмиллалии Қурғонтеппа” ва ғайра ҳамагӣ 152 миллион сомонӣ дар шаш моҳ фоида дидаанд, ки каме бештар аз 19 миллион доллар аст. Барои мисол дар ҳамин нимсола танҳо фурӯдгоҳи Борисполи Киев 25 миллион доллар фоида ба даст овардааст.

Зарари нимсолаи ин ду ширкати бузурги кишвар баробар ба 14 дарсади буҷаи умумии кишвар аст. Ин ба ин маънист, ки ду ширкати масалан амрикоӣ 570 миллиард доллар ё ду ширкати русӣ 2 триллиону 226 миллиард рубл дар шаш моҳ зарар биёваранд! Ҳаҷми зарар ба иқтисоди кишварро аз тарафи ин ду ширкати “эрка” дар шаш моҳ тасаввур кардед?

Қарзи умумии ин ду ширкат фоҷеъабортар аст. “Барқи тоҷик” 12,1 миллиард сомонӣ қарздор аст, ки қариб 70 дарсади (!) буҷаи кишварро ташкил медиҳад. Ин ба он маъност, ки як ширкати амрикоӣ 3 триллион доллар (!) ё ширкати русӣ 11 триллион рубл қарздор шавад! Фикр мекунед кадом давлате ба ин кор иҷоза хоҳад дод?

Қарзи ТАлКо албатта ба маротиб камтар аст (2 миллиарду 70 миллион сомонӣ), аммо ин ҳам ба ин маъност, ки як шикати амрикоӣ 370 миллиард доллар ва русӣ 150 миллиард рубл қарздор шавад.   

Магар ин фоҷеъа нест?

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ

(аз саҳифаи фейсбукии коршинос)

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика