Фаъоли сиёсии тоҷик мегӯяд, ки устод Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ дар байни роҳбарони мусалмон дар Канада аз маҳбубият ва обурӯйи хоссе бархурдор аст.
Мавлавӣ Муҳиддин, яке аз фаъолон ва донишмандони тоҷик, дирӯз бо интишори хабаре дар сафҳаи фейсбукии худ навиштааст, ки устод Муҳиддин Кабирӣ хеле обурӯи хубе инҷо (Канада) дорад. Алҳамдулиллоҳ, чанд муассисаш (як маркази исломӣ дар Канада) ӯро мешиносанд.”
Ин фаъоли тоҷик аз омодагии роҳбарони мусалмони Канада барои пазироӣ аз роҳбари ҲНИТ хабар дода, таъкид мекунад: “Ҳатто барои пазироии Устод омодаанд”.
Мавлавӣ Муҳиддин мегӯяд, ки роҳбарони ин маркази исломӣ ҳамчунин аз дигар қаҳрамонон, сиёсатмадорон ва уламои тоҷик бохабар ҳастанд. Ӯ қайд кард: “Вақте гуфтам: Тоҷикам. Ӯ каме таваққуф карду бароям чунин гуфт: Аҳмадшоҳ Масъуд? Сайид Абдуллоҳи Нурӣ? Муҳаммадшариф Ҳимматзода? Гуфтам: Бале аҳсант.”
Ӯ дар идома афзуд: “Гуфтам: Аҷдоди моро ҳам мешиносӣ? Гуфт: Имом Бухорӣ ва Имом Абуҳанифа? Гуфтам: бале. Гуфт: Шуморо овора карданд? Гуфтам: Бале. Гуфт: Кӣ? Гуфтам: Эмомалӣ Раҳмонуф. Гуфт: Ӯ комунист аст? Гуфтам: Бале.”
Мавлавӣ Муҳиддин дар ин матлабаш гуфт, ки ӯ аз имоми ин маркази исломӣ, ки имомхатиби ҷумъа низ ҳаст, тақозо кардааст то дар ҳаққи миллати мазлуми тоҷик дуо кунад.
Ӯ афзуд: “Имом ончи барояш гуфтам, қариб онро (дар вақти мавъизаи намози ҷумъа) баён намуд. Ончунон бо эҳсоси воло сӯҳбат мекард ва ҳозиринро мефаҳмонид, ки худам аз шеваи баёнаш гирён шудам. Ончунон барои Тоҷикистон дуъо кард, ки бародарони афғонӣ, ки бо ман нишаста буданд, мегиристанд.»
Мавлавӣ Муҳиддин мегӯяд алайҳи Эмомалӣ Раҳмон бо ду забон арабӣ ва англисӣ низ дуо карду қариб ҳазор намозгузор омин гуфтанд.
Ӯ мегӯяд: «Дуоро холисона ва содиқона анҷом додем, то бошад ки миллати тоҷик аз дасти ин золим раҳо ёбад.»
Манбаъ: