Дар натиҷаи таркиш дар яке аз бозорҳои пойтахти Ироқ, шаҳри Бағдод 8 нафар кушта шудаанд.
Пас аз чанд дақиқаи вуқӯъи ин таркиш дар гӯшаҳои дигари шаҳр ҳам таркишҳо ба амла омадаанд, ки дар натиҷаи дар умум 5 таркиш 17 нафар ҷони худро аз даст дода, 60 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ин таркишҳо аз бомбҳои худсохт, ки дар гӯшаҳое пинҳон карда шуда будаанд, ба амал омада, то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.
Пас аз оғози амалиёти озодсозии шаҳри Мавсил аз ДИ, таркишҳо дар Бағдод бештар шудаанд. Худи амалиёт дар Мавсил бо кундӣ пеш меравад. Мақомоти Ироқ мегӯянд, сар аз оғози ин амалиёт, яъне 17 октябр беш аз 60 деҳа аз дасти ДИ гирифта шудааст, аммо худи ДИ гуфтааст ҳамагӣ чанд деҳаро барои ақибнишинии токтикӣ тарк кардааст.
17 кушта ва 60 захмӣ дар натиҷаи 5 таркиш дар Бағдод
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.