Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоБарои як ҳарф “Нигоҳ”-ро аз фурӯш боз доштанд

Барои як ҳарф “Нигоҳ”-ро аз фурӯш боз доштанд

“Нигоҳ” нашрияи мустақил ва фаъол дар арсаи матбуоти Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба фурӯш набаромад.

Ҳарчанд то ҳол дастандаркорони ин нашрия расман сабаби онро шарҳ надодаанд, як манбаъ дар садорати нашри нашрияҳо гуфт, “Нигоҳ” дар чопи як калима ба хатои кӯчаке роҳ додааст. Яъне як ҳарф изофа рафтааст.

Ин хато дар шумораи аввали моҳи октябр рафтааст, вале Вазорати фарҳанг баъди ду ҳафтаи чопи нашрия огоҳ шуда, шумораи охирини моҳи ҷориро аз нашр боз доштааст.

Он хато дар калимаи “Президент” буда, як ҳарф изофа гардидаву “Президлент” шудааст. Вазорати фарҳанг дар бораи ин, ки барои хатои ду ҳафтӣа қабл чаро шумораи навро аз чоп боз медорад, чизе нагуфтааст.

“Нигоҳ” бо теъдоди чизе бештар аз 2,5 ҳазор адад нашр мегардад. Муассиси он Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён чанде пеш дар саҳифаи фейсбукиаш аз хонандагону фаъолону ҷомеъаи шаҳрвандӣ маслиҳат пурсида буд, ки наҳри “Нигоҳ” боздошта шавад ё хайр.

Нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳанд. гаронии андозу ва қоғазу чоп аз як тараф ва набудани хонанда аз тарафи дигар, нашрияҳоро байни ду қарор — нашр шудан ё нашудан саргум занонидааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика