Wednesday, April 22, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТолибон боз ба Дашти Арчӣ ҳуҷум карданд

Толибон боз ба Дашти Арчӣ ҳуҷум карданд

Шаби 28 ба 29 январ “Толибон” минтақаи Дашти Арчиро, ки дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст, муҳосира намуда, ҳамла карданд

Ҷангиёни ҳаракати “Толибон” яке аз минтақаҳои музофоти Қундузро ба муҳосира гирифтанд, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора телевизиони Ariana News хабар додааст.

Ҳамла шаби 28 ба 29 январ сурат гирифтааст.

Бино бар иттилои мақомоти маҳаллӣ, “Толибон” дар маркази минтақаи Дашти Арча ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарафтоданд.

Дар пайи тирпарронӣ байни толибон ва мақомот 12 низомӣ ва кормандони полис ҳалок шудаанд. Ҳамчунин, 4 полис ва 8 низомӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бино бар иттилои мақомоти расмии Қундуз, 3 низомии дигар бедарак шудаанд.

Ёдрас мешавем, дар Афғонистон муҳорибаи шадиди Толибон ва ҳукумат идома дорад. Гурӯҳ қисми калони деҳаҳои Афғонистонро таҳти нуфузи худ қарор дода, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular