Saturday, April 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа Далер Шарипов айб эълон карданд

Ба Далер Шарипов айб эълон карданд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзноманигор ба Далер Шарипов, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик айб эълон кард ва ӯро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум сохт.

Шарипов ба “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” тибқи моддаи 189, қисми яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам шудааст. Ин модда то панҷ сол ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳимояти Далер Шарифовро ба дӯш гирифта, Абдураҳмон Шарифовро вакили дифои ӯ таъин кардааст.

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон – НАНСМИТ низ имрӯз 30 январ бо пахши изҳорот аз боздошти Далер Шарифов интиқод карда аз мақомоти тафтишотӣ хост дар рафти тафтишот “волоияти қонун бечунун чаро риоя шавад”. 

Фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон низ аз боздошти Далер Шарипов бо шиддат интиқод карданд ва дар фейсбук фарохоне барои озодии ӯ роҳандозӣ шудааст. Қаблан як фейки зоҳиран мутааллик ба “фабрикаи ҷавоб” Сипаргалиси Томирис навишта буд, ки Далер дар таҳияи китоби нашрнашудааш (!) “Муҳаммад (с) ва терроризм” аз Сайид Қутб ва Юсуф Қарзовӣ иқтибос овардааст.  

Омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода низ имрӯз дар нишасти хабариаш гуфт, аз боздошти Далер Шарифов аз расонаҳо огоҳ шудааст, вале то имрӯз ҳеҷ нафар аз пайвандонаш барои кӯмак ба ин ниҳод муроҷиат накардаанд. 

Ваколатдори ҳуқуқи инсон, гуфт то имрӯз нисбати рӯзноманигори тоҷик чораҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа рух надодааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular