Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоҲукумати Тоҷикистон ба фаъолияти бибиотунҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолияти бибиотунҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад

Ин нуқта аз забони Худобердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта 31 октябр дар ҳамоиши “Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, садо додааст.

Вай бо нигаронии ҳарчи бештар иброз доштааст, ки дар ин авохир институти “бибиотунҳо” дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва онҳо дар байни занони ҷумҳурӣ тарғиботи динӣ мебаранд. Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, бибиотунҳо дар байни занон обрӯ ва эҳтироми хос доранд ва як маншаи тарғиботи динӣ маҳсуб меёбанд. Бибиотунҳо дар байни ҷавонон низ корҳои тарғиботиро пиёда сохта, як муҳити исломиро ба амал овардаанд. Хусусан ин дар вилояти Суғд бештар ба мушоҳида расидааст.

Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоиши мазкур гуфтааст, ки тундгароӣ дар қаламрав ҳамон дар сатҳи боло қарор дорад ва талошҳои ҳукумат дар роҳи ҷилавгирии ин зуҳуроти манфии ҷомеа ҳанӯз нокифоят будааст. Вай дар ин замина илова намудаст, ки «То ҳанӯз мо натавонистаем дар кишвар камари ифротгароию тундгароиро шиканем».

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфтааст, ки дар соли равон аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд 74 нафар бо сабабҳои алоқадорӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди боздошти мақомоти интизомии кишвар қарор гирифтаанд ва дар қиболи 43 нафари онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз гардидаанд.

Ҳамчунин дар конфронси мазкур таъкид гардидааст, ки имрӯзҳо аз Тоҷикистон 1100 нафар шаҳрванд дар сафи ДИИШ қарор доранд ва онҳо дар Ироқу Сурия ба ҷангҳо ширкат меварзанд. Аз вилояти Хатлон 210 нафар ва аз Суғд 394 кас ба сафи ҷангандаҳо пайвастаанд, ки аксари онҳо аз тариқи Руссия ба Ховари Миёна рафтаанд.

Худобердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши “Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ” гуфтааст, ки занҳои тоҷик бештар таҳти таъсири эмиссарони хориҷӣ қарор мегиранд, чунки занон камтар таваҷҷӯҳи мақомоти дахлдорро ба худ ҷалб месозанд. Ин аст, ки иддае аз занони тоҷик имрӯз ба ДИИШ ҳамроҳ шудаанд.

Ёдовар мешавем соли гузашта моҳи декабр Бибиотунҳо бо либоси ягонаи миллӣ бори нахуст дар мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд иштирок карда буданд. Дӯхтани либоси ягонаи бибиотунҳо баъди таъсиси Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 рӯи даст гирифта шуда буд. Аммо ин либоси онҳо ба талаботи шариати Ислом тамоман ҷавобгӯ набуда ба назар мерасад, бибиотунҳоро иҷборан ба бар кунонидаанд.

Ба назар мерасад минбаъд бозҷӯӣ, даъват ба мақомот ва ҳатто боздошти занон ба ҳукми анъана хоҳад даромад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика