Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПомпео аз Ӯзбекистон ситоиш кард

Помпео аз Ӯзбекистон ситоиш кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз “рушди хубу босуръат”-и шарикии Амрико бо Узбекистон истиқбол кард. Ба гуфтаи ӯ, Узбекистон кишваре аст, ки “аз нигоҳи пешрафти ҳуқуқи инсон” бояд ба он баҳои баланд дод.

Помпео дар ин бора 3-юми феврал баъди гуфтугӯ бо Абдулазиз Комилов  вазири умури хориҷии Узбекистон дар шаҳри Тошканд изҳори назар кард.

Котиби давлатии ИМА ҳамчунин бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ ва ба ӯ барои “раҳбарии ташкили шарикии стратегӣ миёни Вашингтону Тошканд” миннатдорӣ баён кард.

Майк Помпео дар Твиттер навишт “Ман талошҳои Узбекистонро, ки ба ташкили ҷомеаи озодтару бозтар ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда равона шудаанд, қадр мекунам”.

Шавкат Мирзиёев бо сари қудрат омадан дар соли 2016 гомҳоеро барои ислоҳот дар Узбекистон гузошт. Ҳомиёни ҳуқуқ дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбекистон, ки дар давраи ҳамтои пешини Мирзиёев — Ислом Каримов ба таври густарда нақз мешуд, изҳори нигаронӣ мекарданд. Барои намуна, созмони байналмилалии Freedom House Узбекистонро кишвари “ноозод” меномад.

Помпео дар суҳбат бо Комилов гуфт, “Узбекистон шарикӣ бо ҷомеаи маданиро густардатар, мушкили ҷалби сокинон ба меҳнати иҷборӣ ва маҳдудияти фаъолияти расонаҳоро камтар менамояд”. Котиби давлатии ИМА Тошкандро ба пешрафти минбаъда дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳқиқи ҳолатҳои хариду фурӯши инсон даъват кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular