Пас аз навиштаи қаблӣ дар бораи қарзи “Барқи Тоҷик” чанд суоли дигаре дар зеҳнам пайдо шуд. Вақте дар ҷустуҷӯи ин саволҳо шудаму посухи баъзеашонро пайдо кардам, чанд суоли бепосухи дигар пайдо шуданд, ки зеҳнамро машғул доштаанд.
Аслан як корхонаи муваффақ ва бахусус давлатӣ он чиро, ки банда мехоҳам посухҳояшонро пайдо кунам (мутмаинам, ки хелеҳо мехоҳанд ба ин суолҳо посух гиранд) пинҳон нигоҳ намедорад. Яке аз далоили фасодзадагии “Барқи Тоҷик” ҳам ин аст, ки маълумотҳое, ки БОЯД дастраси омма бошанд, пинҳон карда шудаанд. Агар ин маълумотҳо пинҳон намешуданд, ҳадди ақал мардум, аниқтараш андозсупорандагон медонистанд, ки бо кадом далел бояд солона қариб се миллиард доллар “зарар”-и ин ширкатро аз кисаҳояшон ҷуброн кунанд.
Дар навиштаи қаблӣ мисол зада будем, ки дар шаш моҳ 1,16 миллиард сомонӣ зарар дидани “Барқи Тоҷик” дар ним сол, ки 14 дарсади буҷаи кишвар аст, дуруст мисли ин аст, ки дар ҳамин муддат як ширкати амрикоӣ беш аз 500 миллиард доллар ё як ширкати русӣ беш аз 2 триллиону 220 миллиард рубл зарар бинад.
Аммо биёед бубинем, ки ба маблағи “зарардидаи” “Барқи Тоҷик” чӣ корҳое дар худи ҳамин соҳа мешуд анҷом дод:
Дар соли 2015 “Барқи Тоҷик” 2,8 миллиард сомонӣ зарар дида буд, ки бо ҳисоби миёнаи қурби доллар дар ҳамин сол ҳудуди 460 миллион доллар мешавад. Бо ин пул мешуд 1,5 миллион дона дастгоҳи истеҳсоли барқӣ-офтобӣ, ки як донааш як хонаро бо барқӣ минималӣ таъмин мекунад, харид. Барои маълумот: дар Тоҷикистон 1,2 миллион хоҷагӣ ҳаст. Яъне 300 ҳазор хоҷагии Ӯзбакистонро ҳам мешуд таъмин кард.
Албатта ҳукумати кишвар ҳаргиз ва ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза нахоҳад дод, ки мардум бо ингуна дастгоҳҳо таъмин шаванд, вале бо ҳамин пул мешуд як Сангтӯда-1 ё дуто Сангтӯда-2 сохт! Чун қимати Сангтӯда-1 482 миллион ва Сангтуда-2 220 миллион доллар аст. Ва барои сохтмони онҳо бо сабаби НАБУДАНИ ПУЛ Русияву Эрон ҷалб шудаву инак 75 дарсади Сангтӯда-1 ба Русия тааллуқ дораду Сангтӯда-2 12,5 сол моли Эрон аст!
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ зарари “Барқи Тоҷик” баробар ба 155 миллион доллар аст, ки 70 дарсади қимати Сангтӯда-2-ро ташкил медиҳад. Бегумон ин рақам то охири сол аз марзи 350 миллион доллар убур хоҳад кард.
Вале аз куҷо ин ҳама қарз сар задааст? Ва чаро ҳаҷми солонаи он ҳар сол бештар мешавад? Маблағи аз фурӯши барқи қариб бепул ба даст омадаи кишвар ба куҷо меравад, ки инҳисоргар (монополист)-и ягонаи барқ муфлис шудаасту ба ҷои фоида овардан, солона 15 дарсади буҷаи кишварро дар мекашад?
Аҷибтарин масъала ҳам ҳамин аст, ки солона Тоҷикистон ҳудуи 17 миллиард киловат барқ истеҳсол мекунаду маблағи фурӯши он бо ҳисоби тахминӣ 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. “Барқи Тоҷик” дар соли 2015 ба 3 миллиард барқ фурӯхта, қариб се миллиарди дигар зарар кардааст! Яъне хароҷоти ин ширкат аз даромадаш 2 баробар бештар аст!
6 миллиард сомонӣ бо қурби миёнаи соли 2015 1 миллиард доллар мешавад, ки қимати як Сангтӯда 2 (480 млн$) ва ду Сангтӯда-1 (220+220=440 млн$) буда 80 млн$-и дигар бақия мемонад!
Идома дорад
Аз саҳифаи фейсбукии
Абдуманнон Шералиев
Коршиноси умури иқтисодӣ