Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар зиндони Ёвон як маҳбус дар асари шиканҷа ҷон додааст

Дар зиндони Ёвон як маҳбус дар асари шиканҷа ҷон додааст

Дар муассисаи ислоҳии 3/6 воқеъ дар ноҳияи Ёвон як маҳбус бар асари шиканҷаи се корманди ҳамин муассиса кушта шудааст. 

Тибқи иттилоъи як зиндонӣ, ки тавонист бо Паём тамос гирад, ҳафтае қабл дар зиндони низомаш умумии Ёвон се зиндонбон маҳбусеро зери шиканҷаи шадид гирифтанд, ки дар натиҷа маҳбус тоқат наоварда ҷонашро аз даст додааст. 

Ному насаби маҳбус ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо гуфта мешавад сокини шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар ҳамин ҳол, манбаъ номи шиканҷагаронро зикр кард:

1. Муовини сардори муассисаи ислоҳии 3/6 Сафари ғармӣ (насабаш маълум нашуд).

2. Зиндонбон Фаррухи ёвонӣ  (насабаш маълум нашуд)

3. Зиндонбон Солиев Дилшод.

Гуфта мешавад сабаби шиканҷа пардохт нашудани маблағи “доля”-и ҳармоҳаи муовини сардор будааст. 

Муассисаи ислоҳотии низомаш умумии Ёвон яке аз сабуктарин маҳбасҳои Тоҷикистон ба шумор меравад, аммо шиканҷаву латукӯб ва гоҳо қатли зиндониҳо низ дар ин зиндон аз зиндонҳои дигар камтар нест.

Қаблан Паём маълумоти парокандае дар бораи як зиндонбони ваҳшии ин муассисаи ислоҳотӣ бо номи Убайд Хуҷандиев дарёфт карда буд. Хуҷандиевро яке аз бераҳмтарин зиндонбонҳои муассисаи ислоҳии 3/6 медонанд, ки барои ситонидани пули бештар қодир ба ҳар ваҳшонияте будааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Хуҷандиев ҳоло аз кор ронда шуда, ба таксиронӣ машғул аст. Вале аз кор рафтани ӯ наметавонад сабаби ҷиноятҳои ӯро фаромӯш крадан шавад. Мо ҳатман қазияи ӯро пайгирӣ карда, ҳама ҷиноятҳояшро ифшо хоҳем кард.

Паём аз хонандагонаш, бахусус маҳбусини собиқи чӣ зиндони Ёвон ва чӣ зиндонҳои дигар даъват мекунад ҳар маълумоте дар бораи ин чаҳор нафар ва зиндонбонҳи дигар доранд, ба мо ирсол намоянд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular