Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоНикола Саркози боз алайҳи либоси мусалмонӣ садо баланд кард

Никола Саркози боз алайҳи либоси мусалмонӣ садо баланд кард

Собиқ президенти Фаронса Никола Саркози аз тариқи телевизиони BFM TV ин кишвар изҳор доштааст, ки комилан муқобил аст, ки занону духтарони мусалмон таҳти фишори шавҳарон ва падарони сахтдасти худ либосҳои мусалмонӣ пӯшанд.

Вай ба занони мусалмони кишвар “насиҳатҳо” кардааст, ки чи гуна либос пӯшанд ва чи тарз зиндагӣ бикунанд. Саркози дар ин намоиши мустақими телевизион таъкид кардааст, ки вай шахсан “алайҳи мардуми мусалмони муқими ин қаламрав ва муҳоҷирони корӣ” нест, аммо бисёр мехоҳад, ки ҳамаи онҳо аз устухон то ба пӯсту мағзашаон фаронсавӣ бошанд ва рӯҳан менталитети ин кишварро ифода бикунанд. Ин чуну чарое надорад ва дар ин қазия мусолиҳат варзидан низ нашояд,- гуфтааст ин сиёсатмадори Фаронса, ки мехоҳад бори дигар номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Сомонаи The Express навиштааст, ки Никола Саркози мустақиман аз минбари телевизион ба мардуми мусалмони кишвар мегуфт:

“Ман мехоҳам занони мусалмон озод бошанд. Ман мехоҳам онҳо барои худ ҳаққи интихоби шавҳар дошта бошанд. Ман мехоҳам, ки онҳо бидуни сарбандҳо кӯчаҳо бигарданд ва мӯю рӯйҳояшон кушода бошад. Ман мехоҳам, ки занони мусалмон битавонанд миниюпка бипӯшанд ва шимҳои ҷинсии танг ба бар намоянд.”

Ҳамин хел Саркози ваъда кардааст, ки дар сурати дубора шарафёб гардидан ба мақоми раисҷумҳури Фаронса бурқинис, ё либоси оббозии занони мусалмонро дар кишвар манъ месозад. Ин сиёсатмадор бурқинисро “нишонаи тундгароӣ” номидааст. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Никола Саркози дар баромадҳои пешазинтихоботии худ ба муддаии курсии перзидентӣ дар Амрико- Доналд Трамп баробар шудааст, ки дар паси пардаи халқпарварӣ ва мардумнавозӣ ҳамеша аз ислому суннатҳои мусалмонӣ сухан мекушояд ва онро таҳти танқид қарор медиҳад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика