Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДавлатзода боз дар бораи андоз аз мессенҷерҳо гуфт

Давлатзода боз дар бораи андоз аз мессенҷерҳо гуфт

Кумитаи андоз ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки ширкатҳои хориҷии машғул ба хизматрасониҳои интернетӣ дар Тоҷикистон андозбандӣ шаванд.

Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 феврал дар Душанбе хабар дода гуфт,  аз ҳисоби хизматрасониҳо ба шаҳрвандони мо ширкатҳои хориҷӣ фоида мегиранд. Мо бояд заминаи дахлдори ҳуқуқӣ муҳайё намоем ва ширкатҳои хориҷӣ бояд ихтиёрӣ худро ба қайд гиранд ва андоз пардохт кунанд”.

Ба қавли Давлатзода интернет натанҳо сарчашмаи дарёфти маълумот, балки тариқи он ҳамчунин бисёр хизматрасониҳои пулакӣ анҷом дода мешаванд.

Раиси Кумитаи андоз гуфт, ҳамарӯза мо аз хизматгузориҳои  фурӯши бозӣ, филм, китоб, мусиқӣ, билетҳои ҳавопаймоӣ, иҷораи меҳмонхона ва ғайра истифода мекунем. Чунин хизматрасониҳо асосан аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки бо истифода аз номукаммалии қонунгузорӣ дар ин самт, худро ба қайд намегузоранд ва ба ин васила андоз ҳам пардохт намекунанд”.

Ба гуфтаи Давлатзода, бо назардошти таҷрибаи дигар кишварҳо замимаҳое таҳия шудаанд, ки ба воситаи онҳо мақомоти андоз ба ҳукумат муроҷиат мекунад.

“Мувофиқи маълумоти мақомоти андози Русия, пас аз ҷорӣ сохтани ААИ ба хизматрасониҳои ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ аз қабили Google, Apple, Microsoft, Facebook ва ғайра танҳо давоми 9 моҳи соли 2019 ба буҷети давлатии Русия 60 млрд рубл маблағ ворид шудааст”- гуфт ӯ..

Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз, дар Беларус, Олмон, Испания, Юнон ва дигар кишварҳо низ аз чунин тадбирҳо кор гирифта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular