Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоАз шаҳодати Умедҷон Тоҷиев се сол гузашт, аммо қотилонаш ба рутбаҳои баланд...

Аз шаҳодати Умедҷон Тоҷиев се сол гузашт, аммо қотилонаш ба рутбаҳои баланд мукофотонида шуданд

Кош Фейсбук хабари шумро намерасонд!

Бо баробари боз кардани Фейсбук (ФБ) ёддошти се сол қаблии санаи 2-юми ноябр пайдо шуд.

Ин рӯз, рӯзи фоҷиа барои аҳли оила ва хешу пайвандони марҳум Умедҷон Тоҷиев буду ҳаст. Дар ин рӯз саҳар хабари шум расида буд. Ба телефони дастиам аз шаҳри Исфара занг заданд, рӯзи истироҳат буд. Хабар доданд, ки як нафари се рӯз қабл боздоштшуда аз ошёнаи сеюми утоқи кории шуъбаи кофтукови ҷиноии ШВКД ҶТ дар шаҳри Исфара худро ба поён партофтааст. Ба ш. Исфара расидаму маълум шуд, ки Тоҷиев Умедҷон ва боз ду нафари дигарро дар бозору куча дастгир карда, ба шуъбаи милиса оварданд. Маҷбур мекунанд, ки нишондоди иқроршавӣ диҳанд, ки онҳо аъзои созмони террористӣ буданд. Вақте розӣ намешаванд, нисбати ҳар се нафар протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб медиҳанд, ки гуё ба кормандони милиса итоат накарданд. Бале, онҳо итоат накарданд, аммо барои худиқрорӣ дар ҷинояти содир накардаашон, на аз ҳисси беҳурматӣ нисбат ба милисаҳо. Аслан ҳамун милисаҳо, ки ба ҷои майнаи сарашон мушту лағати онҳо фаъол аст, сазовори ҳурмат ҳастанд ё не? Ин суоле, ки посухи амиқ мехоҳад.

Бо маводҳои сохтаашон ҳар серо ба назди судя бурданд. Судяи суди ш. Исфара гушашро наҷунбонда ҷазои аз 10 то 15 шабонарӯз ҳабси маъмуриро таъин кард. Судя ҳатто шубҳа пайдо накард, ки чаро якуякбора ҳар се нафар ба милисаҳо итоат накарданд. Ин чи хел милиса будааст, ки амраш ба ҷурабаш нагузарад? Бо ин қарори суд милисаҳо лату куб ва шиканҷаи се нафарро дар муддати 15 шабонарӯз қонунӣ карданд. Бале, судя маҳз иҷозат дод, рав зан, бор кун, зам кун ва агар нашуд куш!

Боре ҳам судҳои болоӣ ва мақомоти назораткунандаи прокуратура бо ақли солим фикр намекунанд, ки чаро замони ҷинояте содир шуд, то кушодани он яку якбора даҳҳо нафар ба амри милиса итоат намекунанд? Чаро пештар не? Ин маънои онро дорад, ки дар шиканҷаи мардум судҳо шариканд. Онҳо лату куб, шиканҷа ва бо ин роҳ ноил гардидан ба эътирофи иҷбории гумонбарро бо қарори маъмурии худ қонунӣ карда медиҳанд. Ба милиса ҷон мебахшанду қувва медиҳанд. Ҳамин вазъ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ягон мақомоте пайдо намешавад, ки марбут ба парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба кормандони милиса дар як сол чанд адад баррасӣ шудаанд, маҷмуъи қарорҳоро ҷамъ карда, баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Яъне, мушаххас бояд кард, ки милиса зур аст ё шаҳрвандон?

Агар дар як сол садҳо нафар нисбати милиса беҳурматӣ карданду ба амри онҳо итоат накарданд, сари ин масъала Вазири муҳтарам Рамазон Раҳимзода фикр кунад, ки агар амри милиса ҳеч арзише надорад, пас ин милиса оё ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки дар қатори садҳо нафарони арзандаи ин ниҳод мақомотро шарманда кунанд!? Милисае, ки худ ниёз ба ҳимоя дорад, пас мову Шуморо чӣ гуна ҳимоя мекунад? Чӣ тавр тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи мардумро таъмин месозад?

Инак санаи 2- юми ноябри соли 2013 марҳум Умедҷон Тоҷиев аз мушту лагат, қувваи шиддатноки НБО-и Сангтуда ва аз шиканҷаи Машраф Истамов (ҳоло сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД вилояти Сугд) ва зертобеонаш тоқат накарда, худро аз ошёнаи сеюми бинои милисахона ба замин партофта, бо ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи марказии ш. Исфара бистарӣ шуд. Ин ҳодиса рӯзи сеюми ҷазои маъмурие ки аз тарафи суд таъин гардида буд руй дод ва Умедҷон боз 7 шабонарӯз ҷазои маъмуриро бояд адо мекард. Барои руйпуш кардани ҷинояти содиркардаи милисаҳо тамоми ниҳодҳои Исфара камари ҳимат бастанд. Худи ҳамон рӯз муфаттиши прокуратураи ш. Исфара Қаюмов Манучеҳр нисбати Умедҷон Тоҷиев парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд, худи ҳамон рӯз ӯ дар ҳолати беҳуши «пурсида» шуд, (дар беморхона ва протоколи пурсиш чопи компутарӣ), худи ҳамон рӯз судя дар беморхона иҷозати ҳабсро (санкция) содир кард, худи ҳамон рӯз дар иштироки адвокати «касбию бовиҷдон» айб эълон карда шуд ва рӯзи дигар аз Исфара ба Хуҷанд (СИЗО) интиқол дода шуд. Оё, Шумо бо чунин суръати кайҳонӣ кор кардани суду муфаттишро дар ягон кунҷи олам дидед? Он амрикоиҳою аврупоиҳо, ки аз ҳуқуқи инсон дар як сол 72 моҳ лоф мезананд, биоянд ба Тоҷикистон ва корро аз мо ёд гиранд! Бо ҳамин марҳум Тоҷиев Умедҷон дар он аз дасту пои солим ҳам маҳрум шуду, аз озодӣ ҳам ва дере нагузашта аз ҳаёт ҳам.

2 сол ба мақомотҳои марбута муроҷиат кардам, ки ҳамагӣ як ҳолати рушани бебаҳс санҷида шавад, чаро тамоми тиреза, ойнаҳои шуъбаи милиса оҳанпеч карда шуда, ба истиснои як утоқи кории корманди кофтукови ҷиноӣ (Шояд қассобхона бошад?). Як утоқи хизматиро барои рӯзи мабодо мондаанд? Гуфти русҳо: «есть на кого списать». Худашро партофт, афтид, ва ҳоказо. Сабаб? Барои халос шудан аз ҷавобгарии ҷиноӣ!

Гуфтам ку, ҳама «профессионалҳо» дар ниҳодҳои мо! Ба навиштаҳои дусолаам аз руи бемории куҳна ва диагнози доимӣ (хронический) ҷавоби якхела: «ваҷҳоятон тасдиқи худро наёфтанд» медоданд. Аз ин зиёд не.

Ногуфта намонад Қурбон Шарифзода, прокурори вақтии вилояти Суғд як замон ба таври формалӣ парвандаи ҷиноятӣ барои хунукназарӣ, яъне ҳамон тирезаи беоҳанпечро оғоз кард, баъд соҳиби утоқи кориро прокурори вилоят бо микроскоп кофту наёфт ва парванда қатъ гардид. Хайр ба ҳаминаш ҳам шукр, ки чанд муддати аз дасти прокурори вилоят ҳадди ақал қанди хурусча хурдам.

Ниҳоят Омбудсмени тоҷик Ҷаноби Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи мансабдорон лутф карда, ҳамроҳ бо омбудсмени вилояти Суғд ба СИЗО назди Умедҷон Тоҷиев рафтанд, марҳумро дар болои замбар оварданд. Омбудсмен 2 дақиқа болояш рост истоду, замбар рӯи замини ҳавлии СИЗО дар сардии зимистон меистод, пурсид: «Дард мекунад»? Марҳум бо ишора сарашро ҷунбонду тасдиқ кард. Омбудсмен гуфт, ҳамааш хуб мешаваду рафт. Бале, бинои СИЗО-ро тарк намуд. Воқеан мисли гуфти ваколатдори ҳуқуқи чиновникҳо ҳамааш хуб шуд. Хуб шуд, ӯ МУРД!.

Умедҷон санаи 9-уми январи соли 2014 дар беморхонаи муассисаи ислоҳотӣ вафот кард. Гуфтам, ки ҷасадро бурда назди Прокуратураи вилоят партоянду талаб кунанд, то он қотилони бадбахт ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, ҷасадро нагиранд. Мутаассифона, афсус, ки ҳолатҳое мешавад, ки кас ҳама чизро гузашт мекунад. Ҳадди ақал ба хотири он, ки мурда дигар зинда намешаваду зиндаҳоро ба ҳоли худашон гузоранд!

Гуфтаниҳо бисёр.

Умедҷон аз худ 4 нафар фарзандони хурдсол, ҳамсари ҷавон, модари зор, хоҳару бардар ва наздикону пайвандонашро гузошта рафт. Рафт, ӯ дигар ба ин дунёи фонӣ, дунёи дуруғу найранг барнамегардад, аммо ҳамаи он қотилони бадзишт ва масъулини беинсоф боло рафтанд. Соҳиби курсии баланд, вазифа, рутбаи хизматӣ гардиданд. Оши баданашон шавад вазифаву курсӣ, рутбаю ситорачаҳои сурх.

Аммо, набояд фаромуш кард, ки дар он дунё шоҳу гадо баробар. Генерал ҳам ҳамон ҷо меравад, сарбози қаторӣ ҳам!

Дар ин рӯзи мусибат аз даргоҳи Худованд талаб мекунам, ки марҳум Умедҷон Тоҷиев, ки ҳамагӣ 34 сол умр дид, раҳмату мағфират гардонида бошад ва дар ҷаннат-ул-фирдавс ҷой дода бошад!

Дустони азиз, Аз Шумо хоҳиш, як каф дуо ба хотири рӯҳу арвоҳи ин ҷавонмарди аз дасти милисаи тоҷик шаҳидгардида!

 

Файзинисо Воҳидова, собиқ вакили мудофеъи Умедҷон Тоҷиев

*Манбаъ: сафҳаи фейсбукии муаллиф

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?