Минбаъд ҳар касе, ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳқир мекунад ба панҷ соли зиндон маҳкум мешавад.
Ин пешниҳод барои тағйирот ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири Пешвои Миллат то 5 соли зиндон пешбинӣ шудаст: “Ин тарҳ аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, ҳукумат хулосаи мусбаташро нимаи моҳи октябр ироа намудааст”.
Ин пешниҳодро худи Эмомалӣ Раҳмон бо имзои худ ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ тағйироти мазкур 13-уми октябри соли равон ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст, аммо расман то ҳол аз ҷониби вакилон қабул нашудааст. Дар сурати қабули ин тағйирот барои таҳқири Пешвои Миллат, аз ҷумла тариқи интернет ё расонаҳо, ҷазо дар шакли ҷарима то 500 нишондиҳанда ё 5 соли зиндон татбиқ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон айни ҳол дорои унвонҳои қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Асосгузори истиқлолияти Тоҷикистон буда ҳаққи якумра президент ва пешво будани худро низ қонунӣ кардааст.