Райнер Мюллер-Ханке, зодаи кишвари Олмон, бо қарори Шӯрои нозирони “Бонки Эсхата” раиси бонк таъин шуд.
Тавре Агентии иттилоотии Ховар хабар додааст, интихоб ва таъйини Райнер Мюллер-Ханке ба ҳайси роҳбари “Бонки Эсхата” бо назардошти таҷрибаи калони кории ӯ дар вазифаҳои муҳим дар бонкҳои тиҷорати хориҷӣ ва дар маҷмӯъ дар бонкдории байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Райнер Мюллер-Ханке соли 1960 дар Олмон таваллуд шудааст. Ӯ дар фаъолияти бонкӣ дорои таҷрибаи беш аз бистсола дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, инчунин Федератсияи Русия мебошад. Райнер дараҷаи магистр оид ба иқтисодиёти Донишгоҳи Озоди Берлинро дошта, дар донишгоҳҳои Ҳайделберг ва Мадрид дар риштаи иқтисодиёт таҳсил кардааст.
Бино ба маълумоти расонаишуда, Райнер Мюллер-Ҳанке дорои таҷрибаи ғанӣ буда, ба ҳайси менеҷери роҳбарикунанда дар “KMB Bank” — бонки гурӯҳи итолиёвии “Intesa Sanpaolo” дар Русия, “Swedbank” — бонки гурӯҳи Шветсия дар Украина ва инчунин ба ҳайси узви Шӯрои нозирони “FinComBank”-и Молдова ва Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “AccessBank” дар Озарбойҷон кор кардааст.
Дар гузашта ӯ узви Кумитаи Идораи Палатаи савдои Олмону Русия дар Москва, мушовири калони бонкии Ширкати байналмилалии машваратӣ, ҳамраиси барномаи БАТР — Бунёди тиҷорати хурди Русия ва ҳамоҳангсози машваратчии пешбари бонкҳои шарики Русия буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

