Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФурӯдгоҳи Бохтар мехоҳад бо Чину Қазоқистон хати насби ҳавоӣ дошта бошад

Фурӯдгоҳи Бохтар мехоҳад бо Чину Қазоқистон хати насби ҳавоӣ дошта бошад

Тасмим гирифта шудааст, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар дар ояндаи наздик парвозҳо ба самти кишварҳои Чин ва Қазоқистон ба роҳ монда шавад.

Фарҳод Абдурашидзода, мудири Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, Фурудгоҳи Бохтар пас аз сукути чанвақта аз соли 2018 ба фаъолият шурӯъ кард ва феълан давоми як ҳафта  4-5 маротиба парвозҳо самти Маскавро анҷом медиҳад.

Зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар аз Фонди дастгирии соҳибкорон барои дароз кардани хати парвоз 7 миллион сомонӣ ихтисос дод ва аз ин ҳисоб акнун хати парвоз 165 метр дароз карда шудааст.

Абдурашидзода афзудааст, ки айни замон хати парвози ҳавопаймо дар Фурудгоҳи Бохтар 2450 метрро ташкил медиҳад ва дар ояндаи наздик онро боз ҳам дарозтар хоҳанд кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular