Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигаронии исфарагиҳо аз ба қирғизҳо гузаштани саргаҳи об

Нигаронии исфарагиҳо аз ба қирғизҳо гузаштани саргаҳи об

Сокинони шаҳраки Сомониёни Тоҷикистон аз вогузории ин минтақа ба Қирғизистон дар қолаби барномаи ивазкунии заминҳо барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ибрози нигаронӣ карданд.

Cокинони шаҳраки Сомониёни ноҳияи Исфара гуфтаfнд, ки дар сурати вогузории бахше аз ин минтақа ба Қирғизистон тарафи қирғизӣ маҷрои рӯдхонаи Исфараро хоҳад баст, ки ин иқдом боис мешавад 41 ҳазор сокини минтақаи Чоркӯҳ аз оби нӯшокӣ маҳрум шаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳраки Сомониён 250 хонаводаи тоҷик ва 85 хонаводаи қирғиз зиндагӣ мекунанд, ки мақомоти Тоҷикистон барои мушаххас кардани хатҳои марзӣ бо вогузории бахши қирғизнишини ин шаҳрак ба Қирғизистон мувофиқат карданд.

Аммо сарчашмаи оби рӯдхонаи Исфара дар бахши қирғизнишин воқеъ шуда ва ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки пас аз вогузорӣ, Қирғизистон сарчашмаи рӯдхонаро набандад.

Бар асоси тавофуқи аввалияи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар назар аст барои поён додан ба муноқишаҳои марзӣ ва аз инзиво хориҷ кардани деҳаҳои ду ҷумҳурӣ, ки дар хоки кишвари дигар воқеъ шуда заминҳо ва минтақаҳое байни ду кишвари ҳамсоя доду гирифт шавад.

Азия плюс менависад, тасмими ниҳоӣ ҷиҳати доду гирифти замин дар музокироти оянда бо ҳузури намояндагони ду кишвар дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон гирифта хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular