Русия аз Тоҷикистон талаб намудааст, ки ба парвозҳои ҳавопаймоҳои русӣ аз фурудгоҳи байналмиллалии Жуковский ба самти шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат бидиҳад ва ҳушдор додааст, ки дар сурати саркашӣ сар аз ҳафтаи оянда алоқаҳои ҳавоиро комилан қатъ хоҳад намуд.
Ин муноқиша ба тозагӣ миёни ду кишвари дӯст рӯй дода, метавонад муносибатҳои иқтисодии шарикони стротегиро ба бумбаст бикашад.
Русия талош дорад, ки дар бозори мусофирбарии байни Тоҷикистону қаламраваш саҳми бештаре дошта бошад ва дар ин ҷода зимоми корро ба даст гирифта, фоидаи зиёдтарро соҳиб гардад.
Таъкид мегардад, ки Вазорати нақлиёти Русия ин дархости худро ба Тоҷикистон расонидааст ва мақомоти тоҷик мегӯянд, ин иқдом ба манофеи иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон созгор нест. Фурудгоҳи байналмиллалии Жуковский ба тозагӣ, яъне моҳи майи соли равон бунёд ёфтааст ва ба иддаои ҷониби Русия ба фарқ аз фурудгоҳҳои Внуково, Домодедово, Шереметево, ки ба мақомоти Маскав алоқадоранд, ба шаҳри Раменс шомил мебошад.
Ин кишвар иддао дорад, ки Тоҷикистон ба масоиле ба монанди муайян сохтани мақоми фурудгоҳ кӯшидааст, ки ин амал дахолат ба умури дохилаи ин мамлакат будааст. Дар сурати саркашии мақомоти Тоҷикистон Русия ҳамлу нақли ҳавоиро бо Тоҷикистон аз 8 уми ноябр масдуд хоҳад намуд. Гуфта мешавад, аз тариқи Жуковский ширкати “Уралские авиалинии” ҳаққи хидмат дарёфт кардааст. Ин ширкат мехоҳад бо низоми якҷониба вориди бозори мусофирбарии Тоҷикистону Русия гардад ва мусофиронро аз Русия ба ду шаҳри бузурги Тоҷикистон Душанбе ва Хуҷанд интиқол бидиҳад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба ин қазия гуфтааст, ки ҳанӯз аз моҳи марти соли равон ба ширкатҳои русӣ ҳаққи иҷозат барои кашонидани мусофиронро додааст, аммо Русия барои иҷозати ширкатҳои тоҷик таъхир меварзад. Мақомдорони тоҷик гуфтаанд, ки баррасии ин масъала дар даҳаи сеюми моҳи ноябри соли равон байни ду кишвар сурат хоҳад гирифт ва ба таъкиди онҳо имрӯзҳо ду ширкати тоҷикистонӣ ва аммо панҷ ширкати русӣ барои мусофирбарӣ байни ду кишвар ҳақбар ҳастанд.
Ба иддаои ҷониби Тоҷикистон “Парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковск метавонанд барои ширкатҳо зараровар бошанд. Ин масъала дар асоси созишномаи дуҷониба бояд ҳал шавад”.