Дар Душанбеву Хуҷанд, Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шикори бонувони сатрпӯшро оғоз кардааст.
Тибқи иттилои шоҳидон занони сатрпӯш ва гоҳе ҳатто онҳое, ки танҳо рӯймолашонро аз пеш бастаанд аз тарафи кормандони ВКД нигоҳ дошта шуда… ҷаримабандӣ мешаванд. Як шоҳид гуфт, ки бештар занон дар ҷойҳои камодам ҷаримабандӣ шуда истодаанд.
Як манбаи мо аз ВКД гуфт, ки бинобар мушкили амиқи иҷроиши нақшаи буҷаи кишвар, аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон ба тамоми ниҳодҳои давлатӣ супориш шудааст бо ҳар роҳе иҷрои нақшаро таъмин кунанд. Вазорати корҳои дохила қарор додааст саҳмашро дар иҷроиши нақшаи буҷа бо ҷаримабандии занони сатрпӯш ва мардони ришдор гузорад.
Ду рӯз пеш Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷики Русия низ дар саҳифаи фейсбукиаш иттило дода буд, ки амакаш барои намозхонӣ дар масҷиди фаъолияташ манъшуда 560 сомонӣ ва чанд хонуми ҳаммаҳаллаашон барои сатрпӯшӣ ҳар нафаре 700 сомонигӣ ҷарима шудаанд.
Нақшаи буҷаи кишвар дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бо вуҷуди қарзҳои зиёди хориҷӣ 97 дарсад иҷро шуда буд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, Кумитаи андози Тоҷикистон — умдатарин мақоми ҷамъоварандаи андоз, аз бештари соҳибкорон андозро пешпардохт то охири сол ва ҳатто барои семоҳаи аввали соли оянда ҷамъ кардааст ва нақшаи семоҳаи охири соли ҷориро намедонад аз куҷо пур кунад.