Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоБозори “Саховат” ҳам баста шуд. Чаро бозорҳоро мебанданд?

Бозори “Саховат” ҳам баста шуд. Чаро бозорҳоро мебанданд?

Яке аз калонтарин бозорҳои пойтахт “Саховат” ҳам баста шудааст. Далели манъи савдо дар ин бозор ҳам ҷавобгӯ набудани онҳо ба талаботи бехатарии сӯхтор унвон шудааст.

Фаъолияти ин бозорро ҳам гӯё хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ манъ кардаанд. Қаблан бозори “Шоҳмансур” бо ҳамин далел баста шуда буд. Аммо оё воқеъан ин бозорро ба талаботи бехатарӣ  ҷавобгӯ нестанд ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ он қадар мустақилу қудратманд шудаанд, ки бозорҳоеро банданд, ки “криша”-ашон ба сатҳи олӣ мерасад?

“Шоҳмансур”-у “Саховат” танҳо бозорҳое нестанд, ки дар ин авохир баста мешаванд. Чандин бозорҳои хурду миёна ҳам баста шуданду чанд рӯз пас аз нав боз шуданд. На танҳо бозорҳои умумӣ, ҳатто бозоҳои сохтмониву дигар бозорҳои махсус ҳам баста мешаванд. Аз ҷумла бозори сохтмонии “Маяковский” низ ду рӯз баста шуд.

Бо иттилои манбаи мо бозорбандиҳо ҳам пурра ба иҷроиши нақшаи буҷаи соли ҷорӣ вобаста буда, танҳо ба хотири ситонидани маблағ барои пуркунии буҷа баста мешаванд. Аз соҳибону раисони бозор маблағи муайян талаб карда мешавад ва онҳо маъмулан ин маблағро аз тоҷирон талаб мекунанд.

Барои иҷрои нақшаи имсолаи буҷа тамоми ниҳодҳои давлатӣ сафарбар карда шудаанд. Аз ҷумла ВКД қарор додааст саҳмашро дар иҷроиши нақшаи буҷа бо ҷаримабандии занони сатрпӯш ва мардони ришдор гузорад.

Нақшаи буҷаи кишвар дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бо вуҷуди қарзҳои зиёди хориҷӣ 97 дарсад иҷро шуда буд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, Кумитаи андози Тоҷикистон — умдатарин мақоми ҷамъоварандаи андоз,  аз бештари соҳибкорон андозро пешпардохт то охири сол ва ҳатто барои семоҳаи аввали соли оянда ҷамъ кардааст ва нақшаи семоҳаи охири соли ҷориро намедонад аз куҷо пур кунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика