Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоБоздошти 11 вакил ва таркиш дар Туркия

Боздошти 11 вакил ва таркиш дар Туркия

11 вакил аз Ҳизби демократии халқҳо, ки бештар аз курдҳо ҳимоят мекунад, аз ҷумла 2 роҳбари ин ҳизб дар Туркия боздошт шудаанд. Сабаби боздошти онҳоро Вазорати корҳои дохилаи ин кишвар ҳозир нашудан ба додситонӣ баъди даъвати он унвон кардаанд.
Яке аз роҳбарони ин ҳизб салоҳиддин Демирташ аз хонааш дар шаҳри курднишини Диярбоқир боздошт шуда ба Раёсати мубориза бо терроризми ВКД интиқол дода шудааст. Роҳбари дигари Фиген Юксекдоғро пулис дар манзилаш дастгир кардааст.  Тибқи иттилои хабаргузории туркии Анадолу, салоҳиддин Демиртош чанд дақиқа қабл ба додгоҳ барои баррасии ҳукми боздошташ, бурда шудааст.
Мақомоти туркӣ ин ду раҳбари ҲХД-ро ба кӯмак ба Ҳизби коргари курд (PKK) гунаҳкор медонанд. Ҳизби коргари курд дар Туркия террористӣ эълон шуда, фаъолияташ мамнӯъ эълон шудааст.
Субҳи имрӯз назди идораи пулис, ки Салоҳиддин Демирташ дар онҷо қарор дорад, як мошини мингузоришуда таркид, ки бар асари он ҳадди ақал як нафар кушта ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд.
Пас аз боздоштҳо баъди кӯшиши табаддулоти моҳи июн, ин пурсарусадотарин боздоштҳо мебошанд. Алъон дар Туркия шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук, масдуд шудаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика