Дар Душанбе фаъолияти маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба таози тестӣ шурӯъ шудааст. Қарор аст ин Марказ тамоми алоқаҳои байналхалқӣ ва интернетиро назорат кунад.
Кӯшиши роҳандозии як чунин марказ соли 2006 аз тарафи Бек Зуҳуров, ноиби ҳамонвақтаи вазири алоқа ва сардори феълии Халамоти алоқаи Тоҷикистон сурат гирифта буд, вале он вақт таҳти фишори созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ҳукумат ба ин кор иҷоза надод. Коршиносон мегуфтанд Бек Зуҳуров мехоҳад алоқаҳои телефонии байналмиллалиро монополия намояд.
Аммо инак бо пурзӯршавии сензура ва фишор болои расонаҳои мустақилу кӯшишҳои дастёбӣ ба гуфтугӯҳои шаҳрвандон, ҳукумат қарор додааст бо Бек Зуқуров ҳамдаст бошад. Роҳандозии ин Марказ ба мақомот имкон фароҳам хоҳад овард, ки тамоми алоқаҳои телефонии байналмиллалии шаҳрвандон ва интернет дар кишварро зери назорат қарор диҳанд.
Ба андешаи коршиносон монополӣ кардани алоқаи байналмиллалӣ ва интернет танҳо ҳадафи назоратӣ надошта, касе мехоҳад аз зангҳои телефониву интернети мардум даромади иловагӣ ба даст оварад.