Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоБолоравии Тоҷикистон дар раддабндии нави Бонки ҷаҳонӣ

Болоравии Тоҷикистон дар раддабндии нави Бонки ҷаҳонӣ

Тибқи раддабандии нави Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон мавқеъашро дар шохиси бурдани бизнес ба 33 нуқта беҳтар кардааст.

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро барои се пешрафт ситоиш кардааст, ки он аз нуқтаҳои зерин иборат аст:

  1. Пардохтҳо, яъне шумори пардохтҳои андоз дар як сол аз 28 ба 12 поён бурда шудааст.
  2. Ҳаҷми вақте, ки барои тайёрӣ, пешниҳоди ҳисобот ва пардохти андоз аз даромад барои шахсони юридикӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳо барои таъминоти иҷтимоӣ аз 276 соат дар соли 2016 ба 258 соат дар соли 2017 кам карда шудааст.
  3. Ҳаҷми умумии андозҳо аз 81,8 фоиз дар соли 2016 ба 65,2 фоиз дар соли 2017, яъне 16.6 фоиз камтар шудааст.

Аммо дар ҳамин раддабандӣ тибқи нишондиҳандаҳое аз қабили бақайдгирии ширкатҳо, дарёфти иҷозат барои сохтмон, дарёфти қарзҳои бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои маблағгузорони миноритарӣ ва тиҷорати байналмиллалӣ, вазъ дар Тоҷикистон бадтар шудааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика