Вазорати дифои Амрико хабари марги яке аз раҳбарони аршади Созмони тундгарои “Ал- Қоида”-ро дар Афғонистон тайид намуд.
Ба гуфтаи ин ниҳоди қудратӣ, Форуқ ал -Қатонӣ аз раҳбарони “Ал -Қоида” ба шумор меравад, ки зимни поккориҳо ва ҳуҷуми ҳавоии низомиёни Амрико дар ин қаламрав ба шаҳодат расидааст. Дар ҳамин ҳол намояндаи Пентагон Питер Кук гуфтааст, ки кушта шудани ҷонишини Қатонӣ бо номи Билол ал- Утобӣ ҳам аз ҷониби мутахассисон омӯхта мешавад.
Низомиёни амрикоӣ 23- юми октябри соли равон ба нуқоти қумондонии размандагрн дар Афғонистон ҳамлавар гаштаанд ва дар яке аз пунктҳои қумондонӣ ин ду раҳбари “Ал -Қоида” ҳузур доштаанд, ки дар натиҷаи бомбаборони нерӯҳои ҳавоии Амрико ҷон ба ҳақ супоридаанд.
Гуфта мешавад, ки Форуқ ал -Қатонӣ дар шимолу шарқии Афғонистон мақоми “Амир”-ро соҳиб буд ва дар ҳамкорӣ бо Билол ал -Утобӣ, муовини худаш барои эҳёи “Ал- Қоида” дар Афғонистон ва ҷалби бештари мусалмонон ба сафи ин созмони тундгаро машғул будаанд. Ҳамчунин онҳо размандагони хориҷаро дарси ҳарбӣ медодаанд ва ба амалиёт сафарбар месохтаанд.