Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори қурбониёни коруно дар Эрон ба 724 нафар расид

Шумори қурбониёни коруно дар Эрон ба 724 нафар расид

Теъдоди онҳое, ки то ин дам дар Эрон бар асари коронавирус фавтидаанд, ба 724 нафар расид. Шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба тақрибан 14 ҳазор нафар баробар аст.

Масъулони мубориза бо ин беморӣ ҳушдор медиҳанд, ки муассисаҳои тандурустии Эрон шояд дар ояндаи наздик гунҷоиши беморони бештарро надошта бошанд.

ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, рӯзи 15-уми март аз қавли Алиризо Золӣ, раиси ситоди муқобила бо коронавирус дар Теҳрон навишт: «Агар раванди кунунӣ идома ёбад, мо зарфияти кофӣ нахоҳем дошт.»

Бино ба гузоришҳо, шифохонаҳои ин кишвар 110 ҳазор ҷойи хоб доранд.

Бонки марказии Эрон рӯзи 12-уми март гуфт, ки аз Сандуқи Байналмилалии Пул хостанд, барои муқобила бо вирус 5 миллиард доллар қарз диҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular