Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТолибон ноҳияи ҳаммарзи Тоҷикистонро ишғол карданд

Толибон ноҳияи ҳаммарзи Тоҷикистонро ишғол карданд

Толибон дар Афғонистон қароргоҳи ноҳияи Юмгон, яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд. Аз ин пештар дар рӯзи 28-уми март Саноҳулло Рӯҳонӣ, сухангӯи пулиси Бадахшон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бадахшон гуфтааст, ҷанг дар дохили ноҳия идома дорад ва мумкин аст, Толибон маркази ноҳияро бигиранд.

Ба гуфтаи Саноҳулло Рӯҳонӣ, Толибон 30 сарбози артиши миллиро ба асорат гирифтаанд ва сарнавишти онҳо маълум нест. Аммо ҷангҷӯёни Толиб на танҳо ин ноҳияи наздик ба Тоҷикистонро ишғол кардаанд, балки ҳамлаву амалиётро дар дигар минтақаҳои Бадахшон афзоиш додаанд. Юмгон тақрибан 70 километр дур аз сарҳади Тоҷикистон аст, вале коршиносон мегӯянд, бо ишғоли ин ноҳия, Толибон мумкин аст, ба самти Вардуҷ ҳаракат кунанд, ки ба сарҳади Тоҷикистон наздиктар аст.

Вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Вилояти Худмухтори Бадахшони Тоҷикистон аст ва нооромӣ дар манотиқи сарҳадӣ ҳамвора ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кардааст, чораҳои амниятиро дар ин гӯшаи кӯҳистонии кишвар тақвият бахшад. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ишғоли Юмгон изҳори назар накардаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки барои посбонии марзи ду кишвар нерӯву қудрати кофӣ доранд.

Абдулло Ноҷӣ Назарӣ, як узви Шӯрои вилояти Бадахшон гуфтааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои пайиҳами Толибон чанд посгоҳи амниятӣ дар ноҳияи Ҷерм суқут кард ва маркази ноҳияи Юмгон ба дасти ҷангҷӯён афтод.

Ӯ афзуд: “Толибон аз чанд рӯз ба ин тараф тамоми қувваҳои худро дар манотиқи Обихустак ҷой ба ҷой карда буданд ва баъд аз чанд шаб ҷанг мутаасифона имрӯз дар Обихустак, қарияи Сина ва Оби роғак суқут карданд. Нерӯҳои мо ақибнишинӣ карданд ва мутаасифона маркази Юмгон ҳам суқут кард ва ҷанг дар атрофи ноҳия байни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон идома дорад.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular