Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар мактабҳои Тоҷикистон дарсҳо аз 1 апрел шурӯъ мешаванд

Дар мактабҳои Тоҷикистон дарсҳо аз 1 апрел шурӯъ мешаванд

Дар ҳоле, ки аксари кишварҳои ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус карантин эълон кардаанд ва иддае аз кишварҳо аллакай дубора муҳлати карантинро тамдид карданд,  то ба ҳол Тоҷикистон карантин нашудааст. Ҳамчунин то ба ҳол ягон нафари гирифтор ба коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон тибқи барномаи таълим аз 1 апрел оғоз мешавад. 

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба расонаҳо хабар дода гуфтаанд, то ҳоло тағйироте дар ҷадвали дарсҳо ворид нашудааст.

Гуфтанист, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237» чоряки сеюм дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ аз 11 январ то 20 март идома ёфта, аз 21 март то 31 март таътили баҳорӣ эълон шудааст ва чоряки чорум аз 1 апрел оғоз меёбад.

Айни ҳол дар кишварҳои дигари минтақа ва ҳам Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, муассисаҳои таълимӣ , корхонаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто шаҳрҳо дар ҳолати карантин қарор доранд. Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 дар дунё беш аз ним миллион нафарро ташкил дода, зиёда аз 24 ҳазор нафар фавтидаанду 124 ҳазор нафар сиҳат ёфтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular