Ин дафъа Пойгоҳи «Диссернет» асардуздии як олими соҳаи тибро ифшо кард. Дирӯз 31 март Пойгоҳи «Диссернет» навишт, ки Сангинов Абдурасул Бобоевич, мудири кафедраи фтизиопульмонологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро бо роҳи дуздии асар унвони докторияшро ба даст овардааст. Фтизиопульмонология як бахши илми тиб аст, ки роҳҳои табобати бемории сил, туберкулёзи шушро таҳқиқ мекунад.
Тибқи маълумоти додаи «Диссернет» Абдурасул Сангинов, ки соли 2011 рисолаи докторӣ ҳимоя карда буд, дар рисолааш асарҳои олимони русро бидуни овардани номи онҳо ва истинод ба асарҳояш рӯйбардор кардааст.
Ҳамчунин «Диссернет» хабар додааст, ки санаи «28 ноябри соли 2019 шӯрои диссертатсионии «Маркази миллии таҳқиқоти тиббии ҷарроҳии ба номи А.В.Вишневский»-и вазорати тандурустии Русия тавсия дод, ки Сангинов аз унвони доктори илм маҳрум карда шавад»
Гуфтанист, моҳи гузашт, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимону зиёиён аз ин ки беш аз 40 мавриди асардуздии олимони тоҷик аз ҷониби «Диссернет» фош шуд, изҳори нигаронӣ карда гуфт, олимони асардузд бо чунин амал обрӯи ҳам худашон ва ҳам илми тоҷикро ба замин мезананд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз пайи унвони илмӣ давидани мансабдоронро ба боди танқид кашид ва гуфт, аз ин ба баъд ҳар мансабдоре, ки ҳаваси кори илмӣ дорад, бояд аввал аризаашро навишта, аз мансаб биравад ва сипас ба илм машғул шавад. Эмомалӣ Раҳмон дар он суханрониаш ҳамчунин хостори барҳам додани Академияи илмҳои тиб шуд ва гуфт, ин ниҳод дар 10 соли охир бо вуҷуди имконоти фаровоне, ки табиати Тоҷикистон дорад, ягон доруи бозоргир ихтироъ накардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки худи Эмомалӣ Раҳмон соҳиби зиёда аз 70 китоб аст ва ҳаммаи асарҳояш даар заамони раисҷумҳур буданаш ба чоп расидаанд. Ба ин ки Эмомалӣ Раҳмон асарҳояшон бо дасти худаш навиштааст, аксаран шубҳа мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

