Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Онҳое, ки карантинро риоя накарда ба пулис муқобилият мекунанд, паронда шаванд»

«Онҳое, ки карантинро риоя накарда ба пулис муқобилият мекунанд, паронда шаванд»

Родриго Дутерте, раисҷумҳури Филиппин гуфта, ки ба пулис ва артиш дастур додааст, дар сурати муқобила нишон додан ва таҳдид ба ҳаёти кормандони мақомот, гирифторони вируси корона «кушта шаванд».

Дутерте дар як муроҷиати телевизионӣ гуфт «Фармони ман ба пулис ва артиш: агар чунин мушкиле мавҷуд аст ва агар чунин ҳолат пеш ояд, ки онҳо муқобила нишон диҳанд ва ба ҳаёти шумо хатар эҷод кунанд — кушед. Фаҳмост? Кушед».

Вай шарҳ дод, чунин дастур ба касоне ҳам дахл дорад, ки ба карантин фиристода шуданд, аммо онро риоя накарданд.

Роҳбари пулиси миллӣ гуфт, президент дар суханрониаш «ҷиддӣ будани интизоми ҷамъиятиро ба намоиш гузошт» ва дар воқеъ пулис ба сӯи касе тир нахоҳад кушод.

Ба иттилои расмӣ, то ин замон дар Филиппин 96 сокин аз вируси корона фавтида ва бештар аз 2300 кас ба он гирифтор шудааст. Аммо ин омор метавонад, ба далели камбуди дастгоҳҳои ташхис, нокомил бошад.

Дутерте  афзуд, «Вазъ бадтар мешавад. Аз ҳамин хотир ман бори дигар аз ҷиддӣ будани мушкил ёдовар мешавам ва шумо бояд ба ҳарфи ман гӯш диҳед».

Дутерте пештар аз ин ҳам ба содир кардани хушунат даъват карда буд. Барои мисол, вай дар як мусоҳиба дар соли 2015 гуфта буд: «Агар зарурати куштан (-и одам) пеш ояд — ман мекушам».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular