Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКашфи 65 млн дуздӣ танҳо дар се шабакаи «Барқи тоҷик»гувоҳи чист?

Кашфи 65 млн дуздӣ танҳо дар се шабакаи «Барқи тоҷик»гувоҳи чист?

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ гуфтааст гуруҳи махсуси кории ин ниҳод дар чанд сохтори ширкати “Барқи Тоҷик” фасодкорӣ ба андозаи даҳҳо миллион сомониро ошкор кард.

Аз ҷумла ба гуфтаи Додситони кул “масъулони Шабакаҳои барқии шаҳри Ваҳдат дар солҳои 2018-2019 бо роҳи ба ҳисоботи истифодабарии қувваи барқи ҶДММ “Джонг фу” ва ҶДММ “Сохтмон-Ваҳдат” ворид намудани маълумоти бардурӯғ 17,8 миллион квт/соат барқи истифодашударо барои пардохт пешниҳод накарда, ба давлат 12 миллион сомонӣ зарар расонидаанд”.

Фасодкорӣ зимни истифодаи барқ дар корхонаи “Ресандаи Кӯлоб” низ ошкор шудааст, бо ҳамдастии масъулини шабакаҳои барқ бо ба ҳисоб нагирифтани нерӯи барқи истифодашуда ба давлат 350 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.

27,7 млн. квт/соат неруи барқ дар ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Турсунзода” аз ҳисобҳо берун мондааст. 

Додситонӣ инчунин ба ҳисоб нагирифтани 15 миллиону 100 ҳазор. квт/соат неруи барқ ба маблағи 1миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар Шабакаҳои барқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян карда шабакаро маҷбур ба пардохти маблағи 826 ҳазор сомонӣ кардааст. 

Юсуф Раҳмон гуфтааст, бинобар қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, 1014 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳкорон 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 64 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар назари аввал маблағи бузургест. Аммо бояд гуфт, танҳо зарари ширкати холдингии “Барқи тоҷик” дар соли 2018 тибқи иттилоъи Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, ки 30 январи соли ҷорӣ зимни нишасти хабариаш дод, 2 миллиарду 402 миллион сомониро ташкил додааст. 

Вақте, ки тафтиши се ноҳия нишон медиҳад, ки 65 миллион сомонӣ дуздида шудааст, метавон бе муҳобо гуфт, ки ин дуздӣ дар сатҳи кишвар ба миллиардҳо сомонӣ мерасад. Аз тарафи дигар, шароити тафтиш ва ифшои зарарро дар шароити фасодзагии Тоҷикистон ҳама медонанд. Барои мисол, тафтишкунанда 100 миллион дуздиро ифшо мекунад. Бо чинояткор маслиҳат мешавад, ки дуздиро 30 миллион нишон медиҳанд ва 70 миллиони дигараш байни ду тараф тақсим карда мешавад. Камтар касе дар Тоҷикистон пайдо мешавад, ки ин усули тафтишотро рад кунад. 

Баргардем ба зарару қарзҳои “Барқи тоҷик”. 

Ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест,  гузориш дода буд “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ ($400 миллион бо қурби миёна дар ин сол) зарар дидааст.

Тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRL дар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) бароварда шуда буд. 

Соли 2015 низ ин ширкат тавониста буд 2,8 млрд сомонӣ (ҳудуи ($350млн бо қурби миёна) зарар кунад.

Ин рӯйхатро метавон идома дод. Ҳоло ин ширкати монополист наздик ба 30 миллиард сомонӣ ё 3 миллиард доллар қарздор аст. Бояд гуфт буҷаи Тоҷикистон дар соли 2020 ҳамагӣ 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. 

Қарзи 30 миллиардии “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки ҳар сол ҳукумат садҳо миллион қарзи онро мебахшад. Танҳо дар аввали соли ҷорӣ бо як имзои раиси ҳукумат 98,5 миллион қарзи ин ширкати дузд . Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон нақшаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати холдингии “Барқи тоҷик”-ро , ки барои иҷрои он дар солҳои 2019-2025 $1.2 млрд ё беш аз 13,5 миллиард сомонӣ лозим аст. Дар ин бора дар ҳисоботи вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Усмонали Усмонзода ба ҳукумати Тоҷикистон омадааст.  

Яке аз хусусиятҳои ин ширктаи монополист ин аст, ки зарари солонааш , ки ба кишвар ҷалб мешавад. Барои мисол соли гузашта Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ гузориш дод, ки соли 2018 ба Тоҷикистон ба маблағи 6 миллирду 100 миллион сомонӣ, ки баробар бо 645 млн. доллар аст, сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Тақрибан ними ин маблағ сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошад. Дар ҳамин сол қарзи “Барқи Тоҷик” дар 700 миллион доллар зиёд шудааст. 

Яке дигар аз аҷобатҳои қарзҳои “Барқи тоҷик” ин аст, ки мақомоти кишвар мегӯянд дигарон аз ин ширкати монополист беш аз 2 миллиард қарздоранд, аммо ҳеҷ гоҳ рӯйхати он қарздоронро нашр намекунанд. Барои мисол дар нишасте, ки ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ-молиявии “Барқи Тоҷик” дар соли 2018 бахшида шуда, бо ширкати ноибсарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аввали соли гузашта баргузор гардид, эълон шуд, қарзи истеъмолкунандагон аз ширкати холдингии “Барқи Тоҷик” ба 2,3 миллиард сомонӣ расидааст. Ин қарз давоми соли гузашта 363,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ҷаласа аз бузургтарин қарздорҳо ҳам ёдоварӣ шуд, ки иборатанд аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (66,2 млн), хоҷагиҳои деҳқонӣ (25,6 млн), корхонаҳои обрасонӣ (10,1 млн), ташкилоту корхонаҳои буҷавӣ (7,3 млн). Қарзи бештарро аз “Барқи Тоҷик” боз ҳам аҳолӣ доштааст, ки тибқи иттилоъи эълоншуда дар ин нишаст ба 80,4 миллион сомонӣ мерасад.

Дар ҳамин ҳол, рақамҳои эълоншудаи қарзи истеъмолкунандагон аз қарзи умумӣ даҳ баробар(!) камтар аст. Ҷамъи қарзи ҳамаи истеъмолкунандагоне, ки дар ҷаласа эълон шуд ҳудуди 190 миллион сомонӣ аст. Бигзор қарзи қарздорҳои кӯчак, ки ном гирифта нашуданд, 100 миллион бошад. Аммо 2 миллиарди дигари қарзҳо аз куҷост? Ҳукумат ва “Барқи Тоҷик” қарздорони асосиро аз мардум пинҳон мекунанд, ё ҳаҷми қарзро даҳ баробар бештар нишон медиҳанд? Ба ин суол бояд Азим Иброҳим посух гӯяд.

Тибқи маълумоти манобеъи Паём бузургтарин қарздорон назди “Барқи Тоҷик” ширкатҳои мутааллиқ ба аъзои Оила, аз ҷумла “Фароз”, ширкатҳои мутааллиқ ва Ҳасан Асадуллозода ва дигар домоду ҷиянҳо мебошанд.

Бояд гуфт “Барқи тоҷик” дар қарздорӣ назир надорад. Гуфтанист, аз се як ҳиссаи корхонаҳои Тоҷикистон зиёновар будаанд ва ин корхонаҳои зиёновар бештар дар соҳаҳои саноати коркард, савдо ва сохтмон ба қайд гирифта шудаанд. Қарзи умумии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли гузашта ба 65 млрд. сомонӣ расида буданд. Қариб ними ин қарзҳоро танҳо қарзи “Барқи тоҷик” ташкил медиҳад. 

Суоли асосие, ки бармеояд ин аст, ки чаро ҳукумат дар ин беш аз 20 сол коре барои ислоҳи ин корхонаи зараровар намекунад?

Посух якест: ин ширкат яке аз манбаъҳои даромади аъзои хонаводаи раисҷумҳур мебошад. На танҳо пули барқи ба мардум фурӯхташуда дуздида мешавад, балки маблағи барқе, ки ба хориҷ содирот мешавад, мустақиман ба ҳисобҳои офшорӣ мераванд. 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллӣ ҳам дар як сӯҳбаташ бо мардум гуфта буд фурӯши барқ ба хориҷи кишвар яке аз васоити дуздии хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст. “Ҳатто пули барқе, ки имрӯз ба миллат намедиҳаду ба хориҷ мефурӯшад, ба буҷаи Тоҷикистон ворид намешавад. Ин пул мустақиман ба суратҳисобҳои хориҷӣ меравад, дар ҳисобҳои шахсӣ ҷо мегирад” — изҳор дошт Кабирӣ.

Ӯ гуфт: “Суол ба вуҷуд меояд, ки чаро президент барқро ба хориҷ неву ба миллати худаш намефурӯшад. Нархи 1 Кв/с барқ дар Тоҷикистон   2 сент аст. Барои муқоиса дар Қирғизситони ҳамсоя 1 сент. Тоҷикистон барқро чӣ ба дохил ва чӣ ба хориҷ бо нархи баробар мефурӯшад. Ҳатто дар тобистон барқро ба Ӯзбекистон аз аҳолии худамон арзонтар мефурӯшад. Аммо дар зимистон аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқро бо як нарх мехаранд”.

“Сабаб як чиз аст — шарҳ дод Кабирӣ, — агар ба аҳолӣ бифурӯшад, аҳолӣ пули барқро аз тариқи бонкҳо пардохт мекунад ва ин пули мардум вориди ҳисобу китоби бонкии Тоҷикистон мешавад. Аз ин дуздидан дигар душвор аст. Барои ҳамин президент манфиатдор аст, ки барқро ба хориҷиҳо бифурӯшад, на а аҳолии худаш” — хулоса кард Кабирӣ.

Паём даҳҳо таҳқиқот дар бораи дуздиҳо дар «Барқи тоҷик» нашр кардааст. Бо навиштани ибораи «Барқи тоҷик» дар ҷустуҷӯгари сойти мо, шумо метавонед бо онҳо ошно шавед.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular